Ҳукумати Тоҷикистон дар гузорише ба Созмони Милал сабаби аз кишвар рондани хориҷиён, аз ҷумла паноҳҷӯёни афғонро "риоят накардани қонунҳои кишвар" гуфтааст. Чизе, ки қаблан паноҳҷӯён "ихроҷи иҷборӣ ба Афғонистони зери назари Толибон" номида буданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муҳоҷирон аз Э.Раҳмон хостанд, ихроҷи афғонҳоро боздорад. "Аз кӯчаву хона кашида мебаранд"Мақомот дар гузорише ба як Кумитаи ҳуқуқи инсон дар Созмони Милал гуфтаанд, "сабабҳои асосии ихроҷи хориҷиён риоят нашудани талаботи қонунгузорӣ, амният, тартибот, тандурустӣ ва ҳимоят аз ҳаққу манофеи қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон аст."
Гузориш моҳи ноябри имсол ба Созмони Милал расидааст. Радиои Озодӣ нусхаашро 16-уми декабр дастрас кард.
Як сабаби аслӣ, ба гуфтаи намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, "иқомати ғайриқонунии паноҳҷӯёни афғон дар ноҳияву шаҳрҳоест, ки онҳо иҷозаи зист надоранд."
Аксар паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат, канори пойтахт, кору зиндагӣ доранд. Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ борҳо гуфтаанд, ки корти паноҳандагии Созмони Милалро доранд ва будубошашон қонунист.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ҷони мо дар хатар аст." Идомаи "депортатсия"-и паноҳҷӯёни афғон аз ТоҷикистонҲукумати Тоҷикистон имсол барои рондани даҳҳо паноҳҷӯи афғон, ки аз дасти Толибон гурехта буданд, мавриди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ қарор гирифт.
Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон аз давлати Тоҷикистон хост, ба ин кор поён диҳад.
Дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ сабтином шудаанд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани Толибон ба Тоҷикистон омадаанд. Паноҳандагон мегӯянд, барои ҳамеша ба Тоҷикистон наомада, талош мекунанд, ба Канада ё ягон кишвари аврупоӣ бираванд.
Дар як соли охир наздик ба чаҳор ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба кишвари сеюм, аз ҷумла Канада, рафтаанд.