Дар Қирғизистон аз тарси густариши бештари бемориҳои роҳҳои нафас тамоми мактабҳо ба таҳсили онлайнӣ гузаштаанд.
Дар ин кишвар мисли Тоҷикистон зуком ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас авҷ гирифтааст.
Нодира Юсуфбекова, муовини вазири маорифи Қирғизистон, гуфтааст, таҳсили онлайнӣ фақат дар мактабҳои миёна сурат мегирад ва аз рӯзи 15-ум то 25-уми декабр идома хоҳад ёфт.
Ба қавли масъулони Вазорати тандурустии Қирғизистон, теъдоди гирифторони беморӣ бештар аз ҳама дар мактабҳои Бишкек ва вилоятҳои Таласу Чуй мушоҳида шудааст.