Ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми кор аз табақаи 13-уми як бинои баландошёна афтода, ба ҳалокат расидаанд.
Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 15-уми декабр бо нашри баёнияе аз қурбониён Бахтиёр Маликови 29-сола ва Маъруфҷон Маликови 25-сола аз вилояти Хатлон ном гирифт.
Ба иттилои манбаъ, “онҳо ҳангоми кор дар шахтаи лифт, бинобар риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ аз ошёнаи 13-ум афтода ба ҳалокат расиданд.”
Дар консулгарӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, фоҷиа шаби 14-уми декабр рух додааст. Ба гуфтаи дипломатҳои тоҷик, ҳодисаро пайгирӣ доранд ва бо мақомоти шаҳри Санкт-Петербург дар тамос ҳастанд.
Қарор аст, ҷасади муҳоҷирони корӣ ба зудӣ ба зодгоҳашон фиристода шавад.
Дар Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, ҳар сол садҳо муҳоҷир ба сабабҳои гуногун, аз ҷумла фалокат ҳангоми кор ба ҳалокат мерасанд.