"Муллоҳои фаъолро ҳабс кунед..." Идомаи таъқибҳо дар Тоҷикистон

Абдуқодир Муҳиддинов ва ҳукумати Бухоро

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

Бахши аввали матлабро дар инҷо хонед

ҲУКМИ МУҲИДДИНОВ

Бройдо ба Тоҷикистон ба ҳайси котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Раҳимбоев ҳамчун раиси Шӯрои комиссарони халқ омаданд. Пас аз санҷиши думоҳа чандин роҳбари Наркоматҳо (Комиссариати халқ), аз ҷумла, “нарком”-и хоҷагии коммуналӣ ва “нарком”-и адлия 10-солӣ ҳукм гирифта, баъзеи дигар, аз ҷумла М.Ӯрунхоҷаев озод шуданд.

Тибқи супориши Сталин, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсумов ба донишкадаҳои Маскав дохил шуданд. Аввалиро ба ҳайси шунавандаи Институти профессураи сурх ва дувумиро ба сифати шунавандаи Академияи банақшагирии ИҶШС пазируфтанд.

Дар миёни онҳое, ки дар таъқибот ё репрессияи солҳои 1933-1934 ҳукми марг гирифтанд, яке аз чеҳраҳои намоён, раиси пешини СКХ ҶМШС Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов низ буд. Душманон ба муқобили номбурда чанд далелро истифода бурданд, аз ҷумла “унсури барои давлати сотсиалистӣ бегона ва аз хонаводаи бойи замони амирӣ буд”.

Иттиҳомҳои дигари зидди ӯро чунин баршумурдаанд: “Ҷонибдори кулакҳо ва амалдорони собиқи тоинқилобӣ буда, манфиатҳои камбағалонро ҳимоя намекард; аъзои кадом як ташкилоти аксулинқилобӣ ва яке аз роҳбарони миллатгароёни тоҷик буда, зидди давлати шӯравӣ ташвиқоту тарғибот мебурд; солҳои 1927–28 бар зидди алифбои лотинӣ ё алифбои инқилобӣ баромад; соли 1929 мухолифи иваз кардани номи шаҳри Душанбе ба Сталинобод буд.”

АБДУЛЛО РАҲИМБОЕВ ЧӢ ГУФТ?

14-уми ноябри соли 1933 қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон “Дар бораи вазъияти ташкилоти фирқавии Сталинобод” қабул шуд. Дар он хатоҳои Муҳиддинов дар радифи “гурӯҳи аксулинқилобии Алексеев”, Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум зикр шуд.

Дар натиҷа, моҳи декабри соли 1933 Муҳиддинов аз вазифаи муовини комиссари халқии ИҶШС оид ба таъминоти Осиёи Миёна барканор гардид. Рӯзҳои 23-25-уми декабри соли 1933 дар пленуми якҷояи КМ ва КМИ ПК (б) ҶШС Тоҷикистон ӯро расман ба он гунаҳкор карданд, ки гуё зиндагии халқро дар замони амирони Бухоро нисбат ба даврони Шӯравӣ беҳтар донистааст.

Дар ин ҷаласа Раҳимбоев, ки ба ҷои Ҳоҷибоев раиси СКХ ҶШС Тоҷикистон таъйин шуда буд, дар мавриди Муҳиддинов гуфт: “Ба Шумо шахсияти Муҳиддинов – ҷадиди собиқадори бухороӣ ва собиқ Нозири таъминоти Тоҷикистон аён аст. Барои мисол, дигар кардани номи собиқ Душанбе ба Сталинобод. Муҳиддинов дар суҳбат ба ҳамфикрони худ ба иваз кардани номи Душанбе ба Сталинобод мухолиф баромад, далел овардааст, ки рафиқ Сталин барои Шарқ номафҳум аст. Ин чӣ маънӣ дорад? Ин ба ақидаи ӯ чунин маънӣ дорад, ки рафиқ Сталин – байрақи коммунизм, сарвари партия, доҳии пролетариати ҷаҳон барои Шарқ қобили қабул нест.”

Инро ҳам бояд гуфт, ки ба Муҳиддинов пантуркистон нафрати зиёд доштанд. Акмал Икромов, яке аз роҳбарони собиқи Узбекистон, дар мурофиаи бухаринчиён дар соли 1937 дар Маскав дар ин иртибот чунин гуфтааст: “Ман ба ӯ нафрат доштам. Ӯ ҳама вақт масъалаи тоҷиконро мебардошт ва тоҷиконро ба узбекон муқобил мегузошт. Аз ӯ дида одами бадтарро надидаам”.

Вақте дар ин ҷаласа Вишинский – Прокурори генералии ИҶШС Файзулло Хоҷаевро дар иртибот ба Муҳиддинов айбдор кардан мехоҳад, Хоҷаев мегӯяд: “Ӯ босмачӣ не, балки натсионал-демократ буд”. Хоҷаев ҳамчунин илова мекунад, ба хотири он ки Муҳиддинов ӯро бадном накунад, бо собиқ раиси СКХ ҶМШС Тоҷикистон Махсум алоқа барқарор карда буд.”

1-уми январи соли 1934 маҷлиси комиссияи КМ ПК Узбекистон бо ширкати Н.Бауман (раис) ва аъзои комиссия парвандаи Муҳиддиновро муҳокима ва ӯро ҳамчун “узви кумитаи ташкилоти зиддиинқилобӣ” айбдор мекунанд. Дар пайи он, Муҳиддиновро зуд ба ҳабс гирифта, рӯзи 31-уми майи ҳамон сол эъдом карданд.

ОҒОЗИ ТЕРРОРИ РОҲБАРОНИ ТОҶИКИСТОН

Абдураҳим Ҳоҷибоев

Лек интиқоди Ҳоҷибоев ва Н.Махсум баъд аз рафтани онҳо барои таҳсил ба Маскав дар ҷумҳурӣ хотима наёфт. Раиси СКХ Абдулло Раҳимбоев чандин бор онҳоро тавассути матбуот танқид карда, гуфт, ки агар хатоҳои ин ду роҳбари пештара намешуд, Тоҷикистон ҳоло беҳтар рушд мекард.

Масалан, дар соли 1934 ҳангоми суханронӣ дар назди адибони тоҷик Абдулло Раҳимбоев иброз дошт, ки агар аз як тараф сиёсати миллатчиёнаву муштзӯронаи Ҳоҷибоев ва Махсум аз ҷониби дигар сиёсати оппортунистонаи Ҳусейнов намешуд, дар Тоҷикистон корҳо хеле пеш мерафтанд.

Номбурда дар идома афзудааст, ҳарду дар раъси роҳбарияти ҷумҳурӣ “кори интернатсионализмро нагузаронида, як миллатро ба миллати дигар душман карданд.” (Маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ, с.1934, 5-6)

Баъд аз ду сол Раҳимбоев дар як мақолаи дигар навиштааст, ки Н.Махсум ва Ҳоҷибоев “аз кулакҳо ва амалдорони амир тарафдорӣ карда, ба камбағалон ва миёнаҳолон фишор меоварданд; пул ҷамъ мекарданд ва ба таври ғайриқонунӣ андоз ҷамъ оварда, одамонро ғайриқонунӣ ба ҳабс мегирифтанд.”

Ба иддаои ӯ, Ҳоҷибоев, Махсум ва шарикони онҳо меҳнаткашони тоҷикро бар зидди меҳнаткашони узбек ва рус барангехта, ба ташкили “Тоҷикистони бузург” машғул шуданд. (“Тоҷикистони сурх”, 10.10.1937)

Аммо абрҳои тира ҳанӯз дар баҳори соли 1937 болои сари Раҳимбоев пайдо шуда буданд. Собиқ котиби якуми ПК (б) Узбекистон Акмал Икромов бар зидди раиси СКХ-и ҶШС Тоҷикистон чунин баёнот додааст: “Ман бо ташкилоти аксулинқилобии тоҷикон ба воситаи Раҳимбоев алоқа доштам.”

НАВБАТИ ШОТЕМУР

Дар ибтидои моҳи июли соли 1937 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ таъқиби “душманони халқ” суръат гирифт. Дар миёни боздоштшудаҳои нахустин шунавандаи Институти профессураи сурх Абдураҳим Ҳоҷибоев – собиқ раиси СКХ-и Тоҷикистон ва Нусратулло Махсум – собиқ раиси КМИ Тоҷикистон, шунавандаи Академияи ба нақшагирии ИҶШС низ буданд.

Дар Тоҷикистон Чинор Имомов боздошт шуд. Дар Пленуми КМ ПК (б), ки рӯзҳои 21-23-юми июли соли 1937 барпо шуд, Шириншо Шотемур – раиси КМИ, Кактин – котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон, Герасимов – котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва нарком Ширинов ҳамчун душманони халқ ҳабс шуданд.

Шотемурро ба он гунаҳкор карданд, ки гуё ҳангоми кор дар вазифаи раиси КМИ дар солҳои 1935-1936 ду созмони миллатгароёнаи зиддишӯравиро таъсис дода, ба амалиёти террористӣ зидди роҳбарони ҳукумати Советӣ омодагӣ медид. Мақсади ташкилот гуё ҷудо кардани Тоҷикистон аз ИҶШС будааст.

27-уми октябри соли 1937 Коллегияи ҳарбӣ Шотемурро ба марг маҳкум кард. 11-уми август Сталин ба унвони котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон Ӯ.Ашӯров бо чунин мазмун шифрограмма фиристодааст: “Ҳоло наметавонем ба вазифаи раиси КМИ на номзади якумро тасдиқ кунем, на номзади дуюмро. Санҷидан лозим мешавад, санҷиш вақт металабад. Интихоби раиси КМИ-ро то ҳафтаи дигар мавқуф гузоштан лозим аст”. (Лубянка. Сталин и Главное управление госбезопасности НКВД. Архив Сталина. Документы высших органов партийной и государственной власти. 1937—1938. — М.: МФД, 2004, стр. 300).

МАТБУОТ АЙБДОР МЕКУНАД

Шириншо Шотемур

7-уми сентябри соли 1937 Раҳимбоев ва як қатор роҳбарони дигари ҷумҳурӣ низ боздошт шуданд. Баробари ба кор даромадани мошини репрессия ҳамлаҳо ба афроде, ки аллакай дар ҳабс буданд ё бояд ҳабс мешуданд, дар матбуот ба роҳ монда мешаванд ва дар ин зимн нақши асосиро рӯзномаи “Правда” мебозид.

Албатта, матбуоти ҷумҳурӣ низ дар ин маърака қафо намондаанд. Қариб дар ҳар шумора рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ алайҳи роҳбарони дирӯза, ки “душмани халқ” эълон шуда буданд, мавод чоп мекарданд. Мақолаҳои рӯзномаи рақами 1-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин муборизаи беамон муассиртар буданд. Парчами мубориза дар набарди душмансозӣ дар Тоҷикистон ба дасти хабарнигори “Правда” В.Верховский супорида мешавад.

Ба қавли ӯ, дар ҷумҳурӣ корҳои зараррасониро “душманони халқ, ҷосусони тротскист ва бухаринчиён, миллатчиёни аксулинқилобии буржуазии ба разведкаи хориҷӣ фурӯхташуда” дар амал татбиқ мекарданд. В.Верховский пас аз 3 рӯзи боздошти Раҳимбоев дар мақолааш, ки дар “Правда” чоп шуда буд, ба ин бахш як қатор роҳбарони собиқи ҷумҳуриро дохил кардааст. Аз ҷумла: собиқ мудири шуъбаи кишоварзии КМ ПК (б) Тоҷикистон, аксулинқилобӣ Павлов; собиқ Наркомзем, миллатчии ашаддӣ Ширинов, наркомзем Қурбонов, наркоми саноат Абдуллоев, наркоми саноати хӯрокворӣ Азимҷонов, наркоми саноати сабуки Тоҷикистон Масаидов, наркоми маориф Ҳасанов, мудири шӯъбаи мактабҳо ва илми КМ ПК (б) Тоҷикистон Абдинов.

Ба иддаои Верховский, ҳамаи инҳо, ки роҳбарии наркоматҳоро ба дасти худ гирифта буданд, раиси Совети Комиссарони халқ Раҳимбоев сарпарастӣ ва пуштибонӣ мекард, аммо дар мубориза ба муқобили миллатчигӣ котибони КМ ПК (б) Тоҷикистон Ӯрунбой Ашӯров ва Фролов қотеият нишон намедоданд. Аз ин рӯ, хабарнигори “Правда” ҳукм бароварда, навиштааст, ки “миллатчиёни буржуазӣ дар Тоҷикистон дар зери ҳимояи Раҳимбоев, Ашӯров ва Фролов беназорат монда буданд”. (В.Верховский. “Душманони халқи тоҷик”. “Правда”. 10.09.1937)

Ҳамон рӯз Ӯрунбой Ашӯров ба унвони Сталин шифрограмма фиристодааст ва ба ин мазмун: “7-уми сентябр душмани халқ Раҳимбоев ба ҳабс гирифта шуд. Хоҳиш мекунам, дастур диҳед, ин маълумот ба созмонҳои ҳизбӣ расонда шавад. Ҳамчунин, ин хабар дар матбуот паҳн гардад, зеро овозаҳо дар бораи ҳабси номбурда то ноҳияҳо низ расидааст.”

Сталин дар болои ин шифрограмма бо қалам ишора кардааст, ки иҷозат медиҳад, дар бораи боздошти Раҳимбоев ба ташкилоти ҳизбӣ иттилоъ диҳанд.

10-уми сентябри соли 1937 наркоми НКВД Ежов ба муовинаш Белский, ки чанд рӯз пеш барои омӯзиши вазъият ба Сталинобод омада буд, барқия фиристодааст, ки дар он гуфта мешуд: “Муллоҳои аз ҳама бештар фаъолро ҳабс кунед. Дар масъалаи эъдомҳо каме сабр кардан лозим. Рӯзи 25 ё каме дертар пленуми КМ ПК Тоҷикистон бояд баргузор гардад ва дар он намояндаи КМ ВКП (б) рафиқ Андреев иштирок мекунад”.

12-уми сентябр мақолаи дигари Верховский дар “Правда” чоп шуд, ки дар он Раҳимбоев сахттар танқид мешуд. Ба қавли ӯ, раиси СКХ Тоҷикистон дар ҳар куҷое, ки тавонист, “душманони халқ – ҷосусон, тротскичиён, бухаринчиён, босмачиёни собиқ ва миллатчиёни буржуазиро ҷойгир кард”.

“Раҳимбоев замони ҷанги империалистӣ бо афсарони асири турк, ки аз фронти Кавказ оварда шуда буданд, дӯстӣ карда, ошкоро пантуркизм ва панисломизмро таблиғ мекард... Соли 1924 Раҳимбоев зидди тақсимоти миллии Осиёи Миёна ба ҷумҳуриҳои баробарҳуқуқи Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон баромада, сипас, ҳамчун миллатчии тоҷик ошкоро ба манфиатҳои халқи худ хиёнат кард," - навиштаанд дар “Правда. (В.Верховский. “Чӣ гуна миллатчиёни буржуазӣ ба халқи тоҷик зарар расонданд”. “Правда”. 12.09.1937)

“ПРАВДА” АЛАЙҲИ РОҲБАРОНИ ҶУМҲУРӢ

13-уми сентябри соли 1937 қарори КМ ПК-и Тоҷикистон роҷеъ ба мақолаи “Душманони халқи тоҷик”, ки дар “Правда” чоп шуда буд, нашр шуд. Мақоларо пас аз 1-2 рӯз дар Бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон баррасӣ карда, дар мавриди он қарори вижа қабул карданд. Ҷолиб ин аст, ки қарор 13-уми сентябр бо имзои котиби якуми КМ ПК (б) ҷумҳурӣ Ашӯров дар матбуот чоп шуд.

Дар он гуфта шудааст, ки Бюрои КМ ПК Тоҷикистон аз ибтидои соли 1937 як гурӯҳи миллатчиёни буржуазӣ, душманони бевоситаи халқ, аз ҷумла, Ширинов, Абдулло Хоҷаев, Эшонов, Ниёзов, Имомов, Мӯсохоҷаев, Иноятов, Раҳматхоҷаев ва ғайраро ошкор кард. КМ ПК (б) ҷумҳурӣ эътироф карда, ки дар раъси Совнаркоми Тоҷикистон “душмани халқи тоҷик, ҷосуси яке аз давлатҳои хориҷии фашистӣ Раҳимбоев нишаста, зери роҳбарии ӯ душманони ашаддии халқи тоҷик, ҷосусони миллатчӣ – Масаидов, Нодиров, Абдуллоев, Азимҷонов, Абдинов ва ғ. муддати зиёд фаъолияти хоинона мебурданд”.

Аз ин рӯ, КМ ПК Тоҷикистон қарор кардааст, ки Раҳимбоевро аз вазифаи раиси Совнарком ва аз ҳайати аъзои КМ ва бюрои КМ ҲК (б) бароварда, аз сафи партия биронад. (“Дар бораи бораи мақолае, ки бо сарлавҳаи “Душманони халқи тоҷик” аз 10.09.1937 дар “Правда” чоп шудааст. “Тоҷикистони сурх”. 16.09.1937).

В.Верховский дар гузориши худ, ки ба маҷлиси ҳизбии шаҳри Сталинобод бахшида буд, маърӯзаи Ашӯровро дар мавриди фош кардани миллатчиёни буржуазӣ сахт танқид кардааст. Верховский мегӯяд, дар фош кардани душманони ашаддии халқи тоҷик котибони КМ ПК (б) Ашӯров ва Фролов на танҳо иштирок накарданд, балки баъзе аз миллатчиёнро фош насохтанд.

Ӯ барои тақвияти андешаи худ мегӯяд, Ашӯров дар моҳи март дар маҷлиси шаҳрии фаъолони ҳизбӣ обрӯи Раҳимбоевро, ки миллатчии буржуазӣ ва фурӯхташудаи разведкаи давлати хориҷӣ буд, баланд бардошта, ӯро болшевики устувор, мубориз ва мухолифи тротскичиён номидааст. Верховский дар ин навиштааш алайҳи А.Ашӯров чанд далелро истифода мекунад, аз ҷумла:

  • “Вақте аъзои партия ва комсомол расми Раҳимбоевро аз деворҳояшон канданд, рафтори онҳоро аъзои бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон муҳокима карда, ин “кирдор”-ро иғво номида, ҳатто пешниҳод карданд, ки рафиқони суратҳои собиқ раиси СКХ кандаро ба ҷавобгарӣ кашанд”
  • “Баъди он ки хиёнатҳои душмани халқ Раҳимбоев фош шуд, бюрои КМ ПК Тоҷикистон ва матбуоти ҷумҳурият башараи ҳақиқии ӯро нишон надоданд”
  • “Ашӯров дар анҷумани КМ ПК Тоҷикистон, ки моҳи август баргузор гардид, дар бораи роҳбарони пештараи Тоҷикистон – Бройдо ва Шадунс зиёд гап зад, аммо дар хусуси иштибоҳҳои роҳбарони имрӯзаи ҷумҳурӣ чизе нагуфт”
  • “Ашӯров ба миллатчиёни ашаддӣ – душманони халқ Масаидов ва Мавлонбеков супурда буд, ки маърӯзаи ӯро дар анҷуман ба забони тоҷикӣ тарҷума намоянд (аввалан Ӯ.Ашӯров тоҷик набуд, сониян, ба тоҷикӣ тарҷума кардани маърӯзаи роҳбари ҷумҳурӣ ба забони мардуми таҳҷоӣ чӣ бадӣ дошт, ки Верховский ба он эрод мегирад? - Н.Д.)”
  • “Ба анҷуман душманоне роҳ дода шуданд, ки корҳои миллатчигии онҳоро Ашӯров медонист”
  • “Ашӯров дар маърӯза номи коммунистонеро, ки ҳоло ҳам душманонро ҳимоя мекунанд, зикр накард, ӯ ҳамчунин номи онҳоеро, ки пештар аз мавқеи миллатчигӣ бар зидди партия мубориза мебурданду дар анҷуман хомӯш нишаста буданд, нагуфт”
  • “Ашӯров дар анҷуман фаъолони ҳизбиро барои қотеъона ва бераҳмона торумор кардани шайкаҳои миллатчиён, ки то ҳол дар Тоҷикистон решакан карда нашудаанд, даъват накард.” (В.Верховский. Гузориш аз “Маҷлиси фаъолони партиявии Сталинобод”. Тоҷикистони сурх. 23.09.1937)

(Идома дорад)

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.