Раҳбари марзбандии Осиёи Миёна Абдулло Раҳимбоев чӣ кардааст?
Абдулло Раҳимбоев, тоҷике, ки 98 сол пеш, 30-юми декабри соли 1922, Паймони таъсиси Иттиҳоди Шӯравиро имзо кардааст. Баъзе аз таърихнигорон ӯро ба он айбдор мекунанд, ки барои дар қаламрави кишварҳои дигар мондани шаҳрҳои тоҷикнишин мусоидат намуд. Ҳоло нимпайкарааш дар "Майдони ситораҳои Хуҷанд" ҷойгир аст. Дар баъзе расонаҳои Тоҷикистон навиштаанд, набояд ба чунин шахс ҳайкал гузошт. Баъзеи дигар вуҷуди пайкараи ӯро кори дуруст ва ҷузъе аз таърихи кишвар медонанд. Ҷонибдорони ӯ бовар доранд, ки Абдулло Раҳимбоев қурбонии режими Сталин шуда, соли 1937 ба қатл маҳкум гардид. Шахсияте, ки бо гузашти беш аз 80 сол аз маргаш ҳанӯз бархӯрд ва нигоҳҳо ба ӯву фаъолияташ яксон нест.