Туркманистон коркарди шабакаи миллии рақамиро, ки ба Интернети ҷаҳонӣ пайваст нест, шуруъ мекунад.
Хабаргузории давлатии Туркманистон иттилоъ дод, ки президент Сардор Бердимуҳаммадов 9-уми декабр қарорро имзо кард ва ҳайати гуруҳи корӣ барои таҳияи Консепсияи ташкили шабакаи миллии рақамӣ низ тасдиқ шудааст.
Манбаъҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ ва нозирони маҳаллӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки таъсиси шабакаи рақамии мустақил аз Интернети ҷаҳонӣ дар Туркманистон метавонад, боиси маҳдудиятҳои минбаъдаи сарчашмаи мустақили иттилоот, аз ҷумла баста шудани пурраи шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар ва иваз кардани онҳо бо шабакаҳои маҳаллӣ гардад.
"Зоҳиран қадами аввал ташкили шабакаи дохилӣ барои таъмини табодули иттилоот дар бахшҳои давлативу хусусӣ ва бахши хидматрасонӣ мебошад. Дар натиҷа зербиноии дохилие ба вуҷуд меояд, ки аз иртиботи берунӣ комилан ҷудо хоҳад буд”, - гуфт як манбаи Радиои Озодӣ.
Талошҳои Туркманистон барои ташкили як шабакаи рақамии новобаста аз Интернети ҷаҳониро метавон бо талошҳои ҳамсони кишварҳое чун Чин, Эрон ва Русия муқоиса кард, ки барои нақзи ҳуқуқи башар, саркӯб кардани озодии матбуот ва баён интиқод мешаванд.