Буҳрони энержие, ки дар охири моҳи ноябри имсол дар Узбекистон ба миён омад, ба марги беш аз 30 нафар сабаб шудааст. Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, понздаҳ нафари онҳо аз 3-моҳа то 15-сола буданд. Онҳо дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз бӯи газ ҷон бохтаанд.
Як навраси 13-сола дар Қашқадарёи Узбекистон 11-уми декабр бар асари заҳролудшавӣ аз бӯи газ ба ҳалокат расида, бародари 9-сола ва хоҳари 11-солааш дар бемористон бистарӣ шуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбекистон, ҳодиса дар маҳаллаи Пахтазори шаҳри Қаршӣ рух дода, кӯдакон аз бӯи газе, ки аз плитаи газӣ берун омадааст, заҳролуд шудаанд. Қазияро додситонии шаҳр таҳқиқ мекунад.
Дар маҳаллаи “Дашт”-и Қаршӣ 10-уми декабр се узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз бӯи газ ҷон додаанд. Як рӯз пеш аз он дар ноҳияи Янгибозори Узбекистон ду узви як оила ҷон бохта буданд.