Додгоҳе дар шаҳри Истанбули Туркия шаҳрдори пешин Экрем Имомоғлуро барои таҳқири ҳукумат ду солу ҳафт моҳ зиндонӣ кард. Ҳамчунин, баъди озод шудан аз зиндон вай ҳақи машғул шудан ба фаъолиятҳои сиёсиро надорад.
Имомоғлу яке аз дурахшонтарин сиёсатмадороне буд, ки дар муқобили президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон қарор мегирифт.
Додгоҳ як изҳороти Имомоғлуро "таҳқири ҳукумат" баҳо дод, ки соли 2019 садо дода буд. Он замон Имомоғлу барои курсии раисии шаҳри Истамбул бо номзади ҳизби ҳоким рақобат мекард. Дар интихобот Имомоғлу пирӯз шуд, аммо Комисияи интихоботӣ натиҷаҳоро ғайривоқеӣ унвон кард. Имомоғлу дар интихоботи такрорӣ низ пирӯз шуд ва аъзои комисияро "беақлҳо" унвон кард. Додгоҳ дар соли 2022 ҳамин гуфтаи ӯро ҳамчун "таҳқири ҳукумат" баҳо дод.
Имомоғлу рақиби эҳтимолии Эрдуғон дар интихоботи президентии соли ояндаи Туркия дониста мешуд.