Таҳқиқи сӯхтор дар наздикии бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд сар шудааст. Субҳи 9-уми декабр дар бинои Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Шарқ, ки якчанд фурушгоҳу коргоҳҳои дӯзандагӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад, сӯхтор сар зад ва зиёни калон овард. Ҳоло нисфе аз тоҷирону коргарони он бекор мондаанд.
Масъулони корхонаи "Шарқ" ва фурӯшандагони дуконҳои ин бино 5 рӯз боз паёмади сӯхтори азимро бартараф мекунанд. Сӯхтор асосан ба дуконҳои дӯзандагӣ ва ороишгоҳи занона асар кардааст.
Ҳоло моликони дастикам 17 дӯкон бекор мондаанд ва интизори барқарор шудани зиёни расида ба корашон ҳастанд. Ҷамолиддин Нарзизода, сардори идораи сӯхторхомушкунии шаҳри Хуҷанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор аз ҳаммом сар задааст. “Ҷойи сар задани сӯхтор маълум карда шуд ва он дар дохили ҳуҷраи ёрирасон ё худ ҳаммом ба вуқуъ пайвастааст, ки дар онҷо якчанд таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шуда буд. Айни замон гурӯҳи корӣ ташкил шуда, зарари расидаро ҳисоб карда истодаанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масоҳати сӯхтор ҳудуди 75 метри мураббаъ гуфта мешавад, мақомоти интизомӣ мегӯянд, ба зудӣ ҳаҷми дақиқи хисоротро низ эълон хоҳанд кард. Сабаби аслии сар задани ҳодиса низ маълум карда хоҳад шуд. Моликони аслии Ширкат “Шарқ” омода нашуданд дар назди дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунанд.
Дар идораи сӯхторхомӯшкунӣ гуфтанд, ки ба ҷойи ҳодиса 10 мошини обпоши сӯхторнишонӣ аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атроф оварда шуда, ба миқдори тақрибан 150 миллион сомонӣ иморату иншоот аз коми оташ наҷот дода шудааст.
“Гирду атрофи ҶДММ “Шарқ”, яъне бозори Панҷшанбе ва Маркази Савдои “Бадри Мунир” ва худи Меҳмонхонаву 160 дукони Шарқ, ки дар онҷо ҷойгир карда шудааст, аз алангаи оташ эмин нигоҳ дошта шуд”.- гуфт, Ҷамолиддин Нарзизода, сардори идораи оташнишонии шаҳри Хуҷанд
Бо сард шудани ҳаво дар ин авохир ҳодисаҳои сӯхтор дар навоҳии вилояти Суғд бештар шудаанд. Бар пояи иттилоъи мақомот давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар Суғд 460 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки бисёрашон дар пайи нақзи қоидаҳои бехатарӣ рух додаанд.