Бино ба мушоҳидаҳои як муассисаи Созмони Милал қимати орд ва равғани растанӣ дар бозорҳои Тоҷикистон, дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта, 2 дар сад поин омадааст.
Айни замон як халта орди якум то 330 сомонӣ арзиш дорад. Сабаби арзонтар шудани ин маводи асосии ғизоӣ ба гуфтаи Барномаи Ҷаҳонии Озуқавории Созмони Милал фаровонии маҳсулот дар анбору бозорҳои кишвар будааст.
Дар гузориши тозаи ин созмон, ки қиматҳо дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳоро мушоҳида мекунад, омадааст, нархи тухм ҳам 3 дар сад арзон шудааст. Вале боз ҳам дар муқоиса ба моҳи гузашта 12 дар сад гаронтар аст. Як дона тухм, ки ҳафтаи пеш на камтар аз 2 сомонӣ арзиш доштааст, ҳоло бо арзиши 1 сомониву 70 дирам фурӯхта мешавад.
Нархи бензин дар 13 нуқтаи фурӯши маводи сухти кишвар аз 1 то 7 дар сад поин омадааст. Ба фарқ аз як соли пеш нархи бензин дар Тоҷикистон 22 дар сад арзон будааст. Ҳоло арзиши маводи сухт бештар аз 7 сомонӣ аст, қаблан он то беш аз 12 сомонӣ расида, боиси болоравии нархи роҳкиро дар шаҳр шуда буд.
Аммо тибқи гузориши тозаи барномаи СММ нархи биринҷ дар чанд бозори кишвар, аз ҷумла дар фурӯшгоҳҳои Ҳисору Исфара ва Мурғоб то 9 дар сад боло рафтааст.
Тағйири қиматҳо дар бозорҳои Тоҷикистон бештар аз ҳама ба ҷайби мардуми камбизоат таъсир мегузорад. Тайи ҳафтаҳои ахир болоравии нархи тухм ва бархе аз дигар маводи ниёзи аввал сокинони кишварро нигарон карда буд.