Дар Қазоқистон мехоҳанд барои дурӯғпароканӣ атрофи артиш ҷазо дода шавад

Вазорати мудофиаи Қазоқистон пешниҳод дорад, барои дурӯғпароканӣ ва ё иттилое, ки артишро дар ҳолатҳои махсус бадном месозад, ҷазои маъмурӣ ва ҷиноӣ ҷорӣ шавад.

Вазорати мудофиаи Қазоқистон шоми 13 декабр шарҳ дод, ки зери мафҳуми ҳолатҳои махсус вазъи низомӣ, ҳолати фавқулода ва амалиёти зиддитеррористие дар назар дошта шудааст, ки мумкин аст, дар саросари Қазоқистон ва ё дар қисмате аз он эълом шавад.

Дар тағйироти пешниҳодкардаи Вазорати мудофиаи Қазоқистон дар баробари "таъмини амнияти ҷамъият" ҳамчунин "танзими фаъолияти расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ" ҳадаф қарор дода шудааст.

Дар изҳороти Вазорати мудофиаи Қазоқистон омадааст, "таҷрибаи ҷаҳонӣ" нишон дод, ки "дар ҳолатҳои махсус таъсиррасонӣ ба аҳолӣ (ҷанги иттилоотӣ) бештар мешавад ва дар он маълумоте нашр мегардад, ки ба бадномсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва артиш равона шудааст".

Дар Русия баъди ҳамлаи густардаи низомӣ ба Украина, моддаҳои нави ҷиноӣ пайдо шуд. Акнун барои дурӯғпароканӣ ё "фейк" дар бораи артиш ва бадномсозии артиш тибқи Кодекси ҷиноии Русия ҷазо дода мешавад. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, то охири моҳи августи соли 2022 дар асоси моддаҳои нави Кодекси ҷиноӣ дар Русия ҳадди ақал 100 касро ҷазо дода буданд.