Олмон писари як мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро ихроҷ мекунад

Абдуллоҳи Шамсиддин

Намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон – як созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, мегӯянд, ба писари як узви собиқадори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хатари ихроҷ аз Олмон таҳдид мекунад.

Маҳмудҷони Файзраҳмон, намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабр дар Твиттер навишт, Абдуллоҳи Шамсиддин, писари 32-солаи Шамсиддини Саид рӯзи 13-уми декабр аз ҷониби Олмон ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

“Дар Тоҷикистон бо хатари шиканҷаву зиндонишавӣ рӯбарӯ аст, ҳамонгуна, ки Шовализода аз Австрия ихроҷ шуду дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум гардид”, -- навиштааст Файзраҳмон.

Мақомоти Олмон расман мавзуи ихроҷи писари фаъоли Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро шарҳ надодаанд.

Шамсиддин Сайидов, падари ӯ рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкил аз он оғоз шуд, ки писараш сари вақт худро дар идораи муҳоҷират сабти ном накардааст. "Дар масъалаи иқомат, дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳояшон таъхир карданд, яке ҳамин масъала пеш омад. Дигар чизи ҷиддие набуд. Ҳоло вакил гирифтаем ва талош дорем, ки аз ихроҷаш пешгирӣ кунем,”—гуфт ӯ.

Худи Шамсиддин Саидов моҳи январи соли 2018 дар ғайбаш дар Тоҷикистон ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст.

Соли 2017 бар асоси як тағйир дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ додгоҳҳои Тоҷикистон ҳақ пайдо карданд, ки афроди муттаҳамро дар ғайбашон маҳкум кунанд.

Ҳизбулло Шовализода

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 соли зиндон маҳкум шуд ва ин ҳодиса эътирози созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба бор овард.

Абдуллоҳи Шамсиддин ҳам, ба гуфтаи Файзраҳмон, як паноҳҷӯи сиёсӣ дар Олмон аст.

Баъди манъ ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ аз ҷониби мақомот дар Тоҷикистон бисёр аъзову ҳаводорони ин ва дигар созмонҳои сиёсии мухолифи ҳукумат ба Аврупо, аз ҷумла Олмон рафта, дархости паноҳандагӣ карданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро қонеъ мекунанд ва ахиран чандин ҳодисаи ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани ин паноҳҷӯён расонаӣ шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шамсиддин Саидов дар ғайбаш ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. САДОИхроҷи паноҳҷӯёни тоҷик аз Олмон. Маърака ё равиши муқаррарӣ?Юсуф Раҳмон дар бораи истирдоди Шовализода: "Қарори додгоҳи Австрия инҷо амал намекунад"Паноҳҷӯёни тоҷик аз Олмон хостаанд, ки онҳоро ихроҷ накунад