Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Порлумон ширкатҳои ҳавопаймоиро аз пардохти баъзе андозҳо ҳангоми ворид кардани таҷҳизот озод кард. Дар вақти қабули ин тарҳ бархе вакилон аз нархи баланди билети ҳавопаймо нигаронӣ карданд. Намояндагони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ба хотири гарон будани сӯзишворӣ нархи билет дар кишвар гарон аст.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта зимни муаррифии тарҳ гуфт, ширкатҳои ватании ҳавопаймоӣ дар вақти ворид кардани сӯзишворӣ, моеъҳои кимиёвӣ, равғанҳои молиданӣ, ҳавопаймо, чархбол, муҳаррикҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ё НДС озод карда мешаванд.
Қаҳҳорзода гуфтааст, имтиёз то соли 2027 пешбинӣ шуда, ҳадаф аз он рушди нақлиёти ҳавоӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ дар ин самт аст.
Бархе вакилони порлумон дар вақти баррасии масъала аз вазъи бахши ҳавонавардии кишвар нигаронӣ карданд.
Маҳмадалӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия дар ҳузури вакилон гуфт, “номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳо барои рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.”
Ба гуфтаи Қурбонзода, барои кушодани хатсайрҳои нав ва пайваст кардани Тоҷикистон бо мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва уқёнуси Ором ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ бояд дастгирӣ карда шаванд.
Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии ватанӣ, “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”, амал мекунанд, ки акнун соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" се сол аст, ки бо сабаби бад будани вазъи молиаш аз парвоз мондааст. Радиои Озодӣ соли гузашта дар як таҳқиқот муайян кард, ки ширкати “Тоҷик Эйр”, дар остонаи варшикастагии комил аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки “Тоҷик Эйр” аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.
Ягона ширкати тоҷикистонии фаъол “СомонЭйр" аст, ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. "Сомон-эйр" борҳо барои монополияи бозор мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон яке аз гаронтаринҳо дар минтақа гуфта мешавад. Ба хотири гарон будани нарх, ҳамасола ҳазорҳо муҳоҷирон маҷбур мешаванд аз тариқи кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбекистон, ба Русия сафар кунанд. Мақомот сабаби баланд будани нархи билетро ба гарон будани сӯзишвории ҳавопаймо ва баъзе омилҳои дигар рабт медиҳанд.
Бархе таҳлилгарон, аз ҷумла Алишер Холиқов, қаблан гуфта буданд, Тоҷикистонро зарур аст, сиёсати “фазои боз”-ро дар арсаи ҳавопаймоии шаҳрвандӣ пеш бигирад, ки иҷозаи вуруди ҳама ширкатҳои бузурги ҳавопаймоиро ба бозори кишвар дар назар дорад. Мақомот мегӯянд, мавзуъ дар баррасӣ аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Билет гарону меҳмонхона пур. "Муҳоҷират"-и русҳо ба Тоҷикистон баъди "мобилизатсия". ВИДЕОНархи билети Душанбе-Маскав ба 25 ҳазор сомонӣ расидБилети парвоз аз Русия ба Тоҷикистон гарону камчин шуд“Мо аз Кӯлоб омадем, Москва равон шудем.” ВИДЕОАйби монополия ё мавсим. Нархи чиптаи парвоз ба Русия гарон шуд. ВИДЕОНархи билетҳои парвоз ба Русия якбора боло рафт