Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи билети Душанбе-Маскав ба 25 ҳазор сомонӣ расид


Яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе
Яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе

Баъди фармони Владимир Путин дар бораи сафарбар кардани неруҳои эҳтиётӣ ба артиши Русия, нархи билет аз Маскав ба Душанбе даҳ баробар зиёд шудааст.

Субҳи 23-юми сентябр дар чанд нуқтаи билетфурӯшии Душанбе гуфтанд, барои рӯзҳои наздик аз Маскав ба Душанбе билети арзон надоранд. Дар яке аз нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе гуфтанд, нархи билети Маскав-Душанбе барои 25-уми сентябр 25 ҳазор сомонӣ (2,5 ҳазор доллар) аст.

Дар нуқтаи билетфурӯшии яке аз ширкати русӣ дар Душанбе нархи билет барои 24-уми сентябрро 17 ҳазор сомонӣ (1700 доллар) гуфтанд. Ин дар ҳолест, ки то рӯзи 20-уми сентябр нархи билет аз Маскав ба Душанбе 1800-3000 сомонӣ буд.

Ба навиштаи корбарони Фейсбук, асосан онҳое аз Русия ба Тоҷикистон рафтан мехоҳанд, ки солҳои пеш шаҳрвандии Русияро гирифтанд ва ҳоло метарсанд, ки онҳоро ба ҷанг мебаранд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро доранду дар гузашта дар артиши он кишвар хидмат кардаанд, аллакай даъватнома гирифтаанд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон, нархи билет аз Русия ба кишварҳое боло рафт, ки русиягиҳо бидуни виза метавонанд ба онҷо сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG