"Глобуси Толибон": Афғонистон ҳудуди Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказиро "аз худ кард"

Ҳаракати "Толибон" дар шаҳри Кобули Афғонистон глобусеро насб кард, ки дар он ҳудуди Афғонистон аз ҳисоби ҳудудҳои кишварҳои ҳамсояаш бузургтар нишон дода шудааст.

Ба навиштаи Бӣ-бӣ-сӣ, дар глобуси толибон заминҳои Эрон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон шомил ва марзи Афғонистон то Қазоқистон расонида шудааст.

Дар он глобус ҳамзамон Куриё ва Дания ба ҷазира табдил шуда, Туркия аз қисмати аврупоияш маҳрум гардидааст. Қатар, Эстония ва Тайван комилан аз харитаи Толибон ғайб задаанд.

Глобуси мазкур дар майдони Даҳани Боғи Кобул насб шудааст. Он 8 метр қутр ва 2 тона вазн дорад.