Саидҷон Нодирӣ, пизишки шинохта ва раҳбари "Ҷамъияти пайравони Сино” рӯзи 10-уми декабр аз дунё даргузаштааст.
Ин пизишки тоҷик бо усулҳои хоси табобати беморон дар Тоҷикистон маъруф буд. Ӯ беморонро тариқи гипноз, сӯзанзанӣ, гиёҳдармонӣ табобат мекард. Китобҳои таълифнамудаи Саидҷон Нодирӣ, мисли “Дил, рӯҳ ва инсон”, “Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда” аз ҷониби пизишкони мардумӣ дар Тоҷикистон истифода мешаванд.
Саидҷон Нодирӣ дар солҳои 1980 бо ҳадафи муттаҳид кардани ҳаммаслакони Сино ва идома додани кори ӯ "Ҷамъияти пайравони Сино”-ро таъсис дода буд.
Ӯ соли 2015 гуфта буд, ки ба ҷои Абуалӣ ибни Сино адои Ҳаҷҷ намудааст. Нодирӣ ин амалашро "ҳаҷҷи бадал" номида буд, ки дар дини ислом роиҷ аст. Ӯ ба ин бовар буд, ки Абуалӣ ибни Сино аз пуркорӣ ва сарсониҳо натавонистааст, дар замони зинда буданаш ин фарзро ба ҷо биоварад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Зиёрати Хонаи Худо ба ҷойи Абуалӣ ибни Сино