Пас аз ҳамлаи шаби 10-уми декабри Русия ба шабакаҳои барқии Одесаи Украина аҳолии ин вилоят пурра бебарқ монданд.
Шабакаҳои барқии Одеса хабар дод, ки ба ҷуз муассисаҳое, ки корашон ҳаётан муҳим аст, дигар дар ҳамаҷо барқ хомуш аст.
Дар дигар шаҳру навоҳии Украина низ вазъ чунин аст. Рӯзи 10-уми декабр мақомоти Украина хабар доданд, ки Русия тариқи бесарнишинҳои “худкуш” ба сохторҳои барқрасонии ин кишвар ҳамла кардааст. Дар бораи қурбониёни ҳодиса маълумоте дастрас нест.
"Нерӯҳои дифои ҳавоӣ дар фазои Одеса ду бесарнишини Shahed-136 ва чортои дигар дар фазои Херсону Николаевро сарнагун карданд",‑ хабар додааст, нерӯҳои мусаллаҳи Украина.
Дар вилояти Херсон низ беш аз 2,5 ҳазор нафар бе нерӯи барқ мондаанд.
Чанд моҳи ахир Русия тариқи дронҳои сохти Эрон ба сохторҳои барқрасонии Украина зарба мезанад.
Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 8- уми декабр дар як суханрониаш ин ҳамлаҳоро посух ба таркиш дар пули Қрим номид.
Аввали моҳи октябр мошини боркаше дар пули Қрими аз ҷониби Русия ишғолшуда таркид ва қисме аз онро хароб намуд. Мақомоти Русия инро кори Украина номиданд ва ҳамлаҳо ба шабакаҳои барқии ин кишварро афзоиш доданд.
Русия охири моҳи феврал бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг ҳазорон нафар кушта ва миллионҳо украинӣ фирорӣ шудаанд.