Эътирози ВКХ-и Эрон ба сафирони Бритониёву Олмон

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Эрон

Вазорати корҳои хориҷии Эрон, сафирони Бритониё ва Олмонро эҳзор карда, ин кишварҳоро дар пуштибонӣ аз “нооромиҳо ва таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи бархе аз шаҳрвандони Эрон” айбдор кард.

Дар изҳороте, ки 10-уми декабр, дар Рӯзи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар нашр шуд, мақомоти Эрон вокуниши Бритониё дар робита ба саркӯби хунини тазоҳуроти саросарӣ дар ин кишварро “дахолатпазирӣ” ва ҳимоя аз “тероризму нооромӣ” арзёбӣ кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки дар ин замина Саймон Шерклиф, сафири Бритониё дар Теҳронро эъзом кардааст.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо алайҳи Эрон барои саркӯбсозии эътирозҳои мардумӣ ва ҳамкориҳои низомӣ бо Русия бастаи нави таҳримҳоро ҷорӣ кард. Бритониё рӯзи 9-уми декабр эълон кард, ки зиди 10 мансабдори эронӣ, ки дар низоми додгоҳии Эрон фаъолият доранд, таҳрим ҷорӣ мекунад. Қарор аст мавҷи нави таҳримҳо аз рӯзи душанбе 12-уми декабр ба иҷро дарояд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам алайҳи даҳҳо нафар, аз ҷумла мансабдорони Эронӣ, мақомоти Русия, Чин ва созмонҳое, ки ба нақзи ҳуқуқи башар даст доранд, таҳрим эълон кард.

Бар асоси як гузорише, ки рӯзи 10 декабр нашр шуд, дастикам 24 эътирозгар дар Эрон барои ширкат дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ маҳкум ба эъдом мешаванд. Нашрияи эронии "Эътимод" феҳрасти таҳиякардаи мақомоти додгоҳии Эронро нашр кардааст, ки дар он 25 нафар ба “ҷанг алайҳи Худо” муттаҳам шудаанд. Бар асоси ин иттиҳом ба гумонбарон ҳукми қатл пешбинӣ мешавад.

Фаъолони ҳуқуқи башари Эрон дар як номаи дастаҷамъӣ ба Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ хостанд, бо истифода аз вишору фишангҳои байналмилалӣ ва бо кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳукумати Эронро маҷбур созанд, то саркӯб ва қатли тазоҳургаронро бас кунад. Онҳо аз дабири кулли СММ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостаанд, аз такрори "ҷиноят" ва ҳукмҳои бераҳмонаи ҳукумати Эрон нисбати эътирозгарон, аз ҷумла кӯдакону наврасон ҷилавгирӣ кунанд.

Дар Эрон аз моҳи сентябр тазоҳуроти саросарӣ идома дорад. Пулиси ахлоқ Маҳсо Аминӣ, як духтари эрониро барои “бадҳиҷобӣ” дастгир кард ва сипас ҷасадашро ба хешовандонаш супурд. Ин кор хашми мардумро барангехт ва то кунун онҳо ба зидди ҳукумат эътироз мекунанд.