Барфи зиёд кору зиндагии сокинони Хуҷандро душвор кард. ВИДЕО

Роҳҳои пурбарфи Хуҷанд

Сардиҳои рӯзи нуҳуми декабр ва барфи шадид ҳаракати нақлиётро дар шаҳрҳои вилояти Суғд душвор ва хатарнок кард. Роҳу хиёбонҳои барфпуш боиси рух додани чанд садама ва маҷрӯҳ шудани сокинон гардид. Камбуди нақлиёт кори идораву муассисаҳоро мушкил кард.

Мақомоти Суғд бо такя ба иттилои ҳавошиносон мегӯянд, барфи рӯзи 9-уми декаб барои Хуҷанд дар даҳ соли ахир бесобиқа аст. Субҳи сафеду пурбарфро сокинони шаҳр бо хушӣ пешвоз гирифтанд, аммо барфи зиёд зиндагии онҳоро душвортар кард.

Дар роҳҳо мошин кам ва сокинон аз он шикоят карданд, ки натавонистанд сари вақт ба кор бирасанд. Бархе ба омода набудани мақомот ва нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам ба чунин ҳавои сард нигаронӣ карданд.

“На ягон нақлиёти хусусӣ на ҷамъиятӣ ба ҳавои зимистон хуб тайёр нест. Чархи аксарият мошинҳояш фарсуда аст ва маълум, ки мелағжад. Кормандони роҳу тозагӣ ҳам онқадар ба ин масъала омода нестанд. Инро барвақт тайёр кардан даркор аст, ки бемамониат равуо бошад. Проблемаи аксарият одамон, бахусус донишҷӯён ва муаллимон дермонӣ буд. Нақлиёт кам аст ва аз ҳамин сабаб ба корхонаву дигар ташкилотҳо таъсири худро расонда истодааст”- гуфт, Файзулло Ҳакимов, сокини шаҳри Хуҷанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Барфи зиёд кору зиндагии сокинонро дар Хуҷанд душвор кард

Мақомоти шаҳри Хуҷанд, имрӯз бо нашри аксҳо аз тоза шудани роҳҳо аз барф хабар додаанд.

Барфи зиёд вазъ дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқро боз душвортар кардааст. Сокинони минтақаи шимоли Тоҷикистон зиёд сард шудани ҳаво ва барфи камсобиқа дар чанд соли ахирро ба тағйирёбии иқлим дар вилоят рабт медиҳанд.

Иқлимшиносон ҳам дар гузоришҳояшон қаблан гуфта буданд, ки дар чанд соли наздик дигаргунии боду ҳаво мушоҳида хоҳад шуд ва ба инкишофи растаниву маҳсулоти кишоварзӣ таъсир хоҳад расонд. Вале айни ҳол мушкилоте, ки дар пайи сардиҳо мардуми вилояти Суғд, ба хусус дар ноҳияҳои дурдаст доранд, ин дастрасии комил ба гармӣ аст.

Ҳаво дирӯз дар минтақаи шимол наздик ба 10 дараҷа сард буд. Шаҳрвандон мегӯянд, чунин ҳолат барои Хуҷанд ва атрофи он ғайриоддӣ аст. Файзулло Ҳакимов, сокини шаҳри Хуҷанд, гуфт: “Охирин сардии шадид дар Хуҷанд соли 1968 буд. Оби дарё ях карда буд ва мо дар болои он хоккейбозӣ мекардем. Соли 2008 ҳам хунуки сахт буд ва баъди он имсол чунин сардӣ омада истодааст. Ин ҳам аз як ҷиҳат шояд хуб буд. Дар руду дарёҳо об зиёд мешавад ва бемориву зукомро камтар мекунад”.

Ба иттилоъи Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулода барфи зиёд метавонад сабаби баҳман ё тарма шуда, яхбандӣ сабаби баста шудани роҳҳо мегардад. Тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон бе зарурат ба минтақаҳои хатарнок сафар накунанд.