Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои ҳомиёни ҳуқуқ дар поёни сафараш ба Тоҷикистон аз ҳукумат даъват кард, “фазои пуршиддати тарсро аз байн барад.”
Изҳороти Лолор рӯзи 9-уми декабр зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе садо дод. Лолор аз ҳукумат даъват кард, ки ҳомиёни ҳуқуқро “ҳамкори худ бидонад, на душман.”
Гузоришгари вижаи СММ гуфт, мақомот дар Тоҷикистон бояд вазъи мудофеони ҳуқуқи инсонро ба таври куллӣ беҳбуд бахшад. “Баъзе кормандони давлатӣ дар ҳукумати Тоҷикистон бо мудофеони ҳуқуқи инсон ҳамкории мусбат доранд ва баъзе пешрафтҳо дар қонунгузорӣ ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, бисёре аз онҳое, ки ба таври осоишта аз ҳуқуқи дигарон дифоъ мекунанд, зери фишори афзоянда қарор доранд,”- гуфт гузоришгари вижаи СММ.
Мэри Лолор ҳамчунин гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бояд вазифаҳо ва уҳдудориҳои байналмилалии худро иҷро кунад ва бо мудофеони ҳуқуқи инсон барои бунёди ҷомеаи осоишта, одилона ҳамкорӣ кунад.”
Гузоришгари вижаи Созмони Миллал рӯзи 28 ноябр ба Тоҷикистон омад ва тӯли ду ҳафта бо намояндагони мақомот, омбудсмен, додситонии кулл, Додгоҳи олӣ, порлумон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон мулоқотҳо дошт. Ба иттилои намояндагии СММ дар Тоҷикистон, Мэри Лолор ба шаҳри Хуҷанд сафар кард, аммо дархости вай барои боздид аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рад шудааст.
Лолор ҳамчунин аз боздоштгоҳи муваққатӣ боздид ва бо ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ дар онҷо вохӯрӣ кардааст. Мэри Лолор аз он афсӯс хӯрд, ки натавонист “дар бораи вазъи мудофеони ҳуқуқи инсон дар ВМКБ маълумоти дасти аввал” ба даст орад.
Гузоришгари вижаи СММ рӯзи 9-уми декабр гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бояд дарк кунад, ки пешбарӣ ва ҳимояи мудофеони ҳуқуқи инсон, ки барои бунёди ҷомеаи одилу поквиҷдон кор мекунанд, ба манфиати худи ҳукумат аст. Ман аз ҳукумат даъват мекунам, ки ба мудофеони ҳуқуқи инсон ҳамчун шарик муносибат кунад, на ҳамчун душман.”
Нигаронӣ аз вазъ дар Бадахшон
Дар назар аст, ки Мэри Лолор аз натиҷаи сафари худ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гузориш диҳад. Сафари гузоришгари Созмони Милал ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки танқидҳо аз маҳдуд шудани ҳуқуқи инсон зиёд аст. Имсол баъди амалиёти ҳукумат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 рӯзноманигору блогер боздошт ва чанде аз онҳо барои солҳои дароз ба зиндон маҳкум шуданд.
Мэри Лолор рӯзи 9-уми декабр дар Душанбе гуфт, ҳодисаҳои ахир дар ВМКБ ба вазъи умумии озодии баён, озодии иттиҳодияҳо ва ҳуқуқи гирдиҳамоии осоишта дар кишвар таъсири манфӣ гузоштаанд.
“Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар масоили вобаста ба озодии баён ва озодӣ аз шиканҷа кор мекунанд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо таъқибҳои васеъ рубарӯ мешаванд. Дар ҳолатҳои зиёде намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ барои бозпурсӣ даъват шудаанд. Дар баъзе мавридҳо телефону ноутбукҳои онҳо бидуни қарори додгоҳ барои санҷиш мусодира карда шудаанд,”- афзуд гузоришгари вижаи СММ вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон.
Гузориши вижаи СММ аз бархе иқдомоти мақомот аз ҷумла қабули қонун дар бораи барҳам додани ҳама гуна табъиз ва Нақшаи миллии амал оид ба ҳуқуқи инсон тавсиф кард. Аммо гузориши пешакии Мэри Лолор дар умум баёнгари бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ва сахт шудани кори мудофеони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон буд.
Аз ҷумла хонум Лолор гуфт, ҳамкории байни созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳукумат аксар вақт дугона аст. Аз як тараф ба гуфтаи гузоришгари СММ ҳукумат як қатор созмонҳои ғайридавлатиро ба гуруҳҳои корӣ оид ба таҳияи қонунгузорӣ ҷалб кардааст. Вале аз тарафи дигар бархе ҳомиёни ҳуқуқ таҳти фишор қарор доранд “ва дар шароити ба таври афзоянда сахт ва пешгӯинашаванда фаъолият мекунанд. Баъзе мудофеони ҳуқуқи инсон ҳатто аз тарси дар оянда мавриди таъқиби эҳтимолӣ қарор гирифтан, намехостанд бо ман вохӯранд.”
Гузоришгари вижаи СММ ҳамчунин аз он нигаронӣ кард, ки мудофеони ҳуқуқи инсон мавриди санҷишҳои зиёд ва пурсишҳои ғайрирасмӣ қарор мегиранд. Мэри Лолор махсусан гуфт, мудофеони ҳуқуқи инсон, ки ба мавзуъҳои вобаста ба ВМКБ кор мекунанд, “таҳти фишор тавассути боздидҳо, пурсишҳо ва санҷишҳои бешумори мақомот қарор доранд.”
Нигаронӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон
Бахши дигари гузориши Мэри Лолор дар бораи вазъи озодии баён дар Тоҷикистон буд. Гузоришгари вижаи СММ гуфт, давоми ним соли ахир “тақрибан 20 рӯзноманигор ва блогер дар бораи дастгир ва боздошт шудан гузориш додаанд.” Мэри Лолор тасдиқ кард, ки дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо баъзе рӯзноманигорон дар боздоштоҳ мулоқот кардааст.
“Ман нигарон ҳастам ки онҳо дар пайи тафтишоти нокофӣ ва мурофиаҳо дар шароити пӯшида бо миқдори ками далелҳои боварибахш айбдор карда шудаанд. Баъзе рӯзноманигорон, ки ҳодисаҳои ВМКБ-ро инъикос мекарданд, мавриди ҳамлаи ҷисмонӣ қарор гирифта, таҷҳизоташон мусодира карда шудаанд,”- афзуд Мэри Лолор.
Ишораи гузоришгари вижаи СММ зоҳиран ба ҳамла ба 4 хабарнигори Радиои Озодӣ ва Настояшее время аст, ки моҳи майи имсол рух дод. Ашхоси ношинос рӯзи 18-уми май баъд аз суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони Настояшее время ҳамла карда, телефон ва камераҳои онҳоро гирифтанд. Бо гузашти беш аз ним сол то ҳол гунаҳкорон ёфт нашудаанд.
Баъд аз моҳи майи имсол 7 рӯзноманигору блогер аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхонум Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Хушруз Ғулом боздошт ва бисёри онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Гузоришгари вижаи СММ ҳамчунин аз масъалаи аккредитатсия аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ нигаронӣ кард. Мэри Лолор гуфт, “зуд-зуд нав кардани аккредитатсияҳои журналистҳои фаъол дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ имконият намедиҳад, ки журналистҳо кори худро мустақилона пеш баранд. Дар ҳоли ҳозир ба журналистҳо ё расонаҳои нав аккредитатсия дода намешавад.”