Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати се сол дар зиндонҳои кишвар 124 зиндонӣ фавтидаанд.
Дар омори расмии Вазорати адлия, ки Радиои Озодӣ онро 9-уми декабр дид, омадааст, ки соли 2019-ум 58 зиндонӣ, соли баъдӣ 62 нафар ва соли 2021 танҳо 4 нафар маҳбус ҳангоми адои ҷазо ва ба сабаби бемориҳои гуногун фавтидаанд. Ба қавли вазорат, сабаби марги онҳо, аз ҷумла бемориҳои роҳҳои нафас, аъзои ҳозима, асаб ва саратон, бемории норасоии масунияти бадан будааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шароити номуносиби зиндон, бадрафтории посбонон бо зиндониё ва шиканҷа аз сабабҳои маргумири зиндониён дар Тоҷикистон аст. Вазорати адлия дар гузориши ҷамъбастие гуфтааст, ки марги ҳар зиндониро додситонӣ тафтиш ва қарорҳои лозимаро қабул мекунад.
Яке аз мушкилот дар таҳқиқи сабаби марг ба гуфтаи вазорати адлия ризоят надодани хешовандони зиндониён барои колбадшикофӣ ва ё таҳқиқи ҷасад аст.