Ҳамасола 9-уми декабр ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди корррупсия аст. Дар Тоҷикистон аз соли 2007 ниҳоди махсус - Оҷонси назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо фасод фаъол аст. Баъзан вақт боздоштҳои намоишии мансабдорон ва танқиди президент дар бораи зиёдшавии фасод дар давлат мушоҳида мешаванд, вале бо ин вуҷуд беҳшавии вазъ, ҳадди ақал бар пояи ин раддабандӣ, сурат намегирад. Ҳамкорони мо аз сокинон пурсиданд, ки оё дар ҷомеаи Тоҷикистон коррупсия вуҷуд дорад? Шумо ҳам фикри худро дар шарҳ нависед.
"Маошро зиёд кунед, фасод аз байн меравад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамасола 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия аст. Дар остонаи ин рӯз хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки ришвахориву фасод дар Тоҷикистон то кадом андоза паҳн шудааст.