Вазъи фавқулода дар шаҳри Экибастузи вилояти Павлодари Қазоқистон бекор шудааст. Вазъи фавқуллода дар ин шаҳр баъди як рӯзи аз кор мондани маркази барқу гармидиҳии шаҳр дар ҳавои то 30 дараҷа сард эълом шуда буд.
Шаҳрдории Экибастуз гуфтааст, "фаъолияти мактаб ва боғчаҳо тибқи низоми муқаррарӣ, баъди фароҳам шудани шароити мусоид ва гармӣ дар биноҳо аз сар гирифта мешавад".
Манбаъ афзуда, ки интиқоли гармӣ ба ҳама биноҳои истиқоматии баландошёна аз сар гирифта шуда, “корҳои барқарорсозӣ ҳамоно идома доранд". Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки то ҳол 40 хонаи шахсӣ ба низоми гармидиҳии марказӣ пайваст нашудааст.
Мақомоти Экибастуз баъди як рӯзи аз кор мондани маркази барқу гармидиҳии шаҳр дар ҳавои то 30 дараҷа сард, вазъи изтирорӣ эълом карда буданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷамъан дар ин шаҳр ҳудуди 130 бинои баландошёнаи зист бе гармӣ монд. Садама дар маркази барқу гармидиҳии Экибастуз 27 ноябр рух дода бул. Ин шаҳр 150 ҳазор аҳолӣ дорад.
Мақомот гуфтанд, тибқи натиҷаҳои пешакии санҷиш, садама дар маркази барқу гармидиҳии Экибастуз дар натиҷаи “амалҳои нодурусти кормандони ин марказ рух дода, ки боиси якбора боло рафтани фишор дар шабака шудааст”.