Узбекистон созиши Толибон бо ширкати қазоқиро рад кард

Ширкати давлатии “Узбекистон темир йӯллари” хабари додани роҳи оҳани Мазори Шариф-Ҳайратонро ба ширкати қазоқии "Mansour Fatih" рад кард.

Дар изҳороти ширкати узбекистонӣ гуфта шудааст, ки "рӯзҳои 5-6 декабри имсол бо маъмурияти роҳи оҳани Афғонистон дар бораи истифодаи қитъаи роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф дар соли 2023 гуфтугӯ анҷом шудааст".

"Дар натиҷаи гуфтугӯ бораи тамдиди муҳлати қарордод, таҳияи харитаи роҳ барои ҷалби шаҳрвандони Афғонистон барои нигоҳубини роҳ ва кор дар ширкат тавофуқ ҳосил шудааст", - омадааст дар изҳорот.

Телевизиони "Тулуъ" ахиран хабар дод, ки гуруҳи Толибон бо ширкати қазоқии "Mansour Fatih" барои хидматрасонӣ дар масири роҳи оҳани Мазори Шариф-Ҳайратон созишномаи ҳамкорӣ имзо кард.

Ин роҳи оҳани 75-километрӣ маркази тиҷории шимоли Афғонистонро бо марзи Узбекистон мепайвандад. Роҳи мазкурро “Узбекистон темир йӯллари” соли 2010 асосан бо пули Бонки Осиёии Рушд бунёд кард ва барои нигоҳдории он ширкати фаръии “Суғдиён Транс”-ро таъсис дод.