Президенти Перу баъди эъломи беэътимодӣ боздошт шуд

Порлумони Перу рӯзи чаҳоршанбе ба президенти он кишвар Педро Кастило эъломи беэътимодӣ кард. Пулис аз боздошти президенти ҳамакнун пешини Перу хабар дод. Нисбати вай бо айби сӯистифода аз мақом ва талоши табаддулоти давлатӣ парванда боз шудааст.

Як рӯз пеш аз раъйи беэътимодӣ Кастило хабар дод, ки порлумонро пароканда ва дар кишвар вазъи фавқулода эълом мекунад. Аммо порлумон пароканда нашуд ва масъалаи истеъфои Кастилоро ба баррасӣ гирифт. Ба ҷонибдорӣ аз эъломи беэътимодӣ 101 вакил ва зидди беэътимодӣ 6 вакил раъй доданд.

Кастило тасмим дошт порлумонро пароканда ва интихоботи нав таъйин ва ба ин тартиб ба Конститутсияи кишвараш тағйирот ворид кунад.

Дина Болуартеи 60-сола, ноиб-президенти Перу ба курсии президентӣ нишастааст. Вай гуфт, то моҳи июли соли 2026 дар ин мақом хоҳад монд.

Ба навиштаи расонаҳо, дар 6 соли охир порлумони Перу ин 5-умин президент аст, ки ба истеъфо мефиристад. Педро Кастило моҳи июни соли 2021 сари қудрат омада буд.