Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Адил соз" дар Қазоқистон иваз шуд

Рӯзноманигор Тамара Калеева рӯзи сешанбе хабар дод, ки аз мақоми раҳбарии бунёди "Адил соз" дар Қазоқистон канор рафт. Ӯ бунёдро аз соли 1999 раҳбарӣ мекард.

Калеева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки раҳбари нави бунёд коршиноси қазоқ дар умури расонаҳо Қарлиғаш Чаманқулова интихоб шудааст. "Тамоми умед ва даъвоҳо дар бораи озодии баён минбаъд бояд ба раҳбари нави "Адил соз" Қарлиғаш Чаманқулова шавад", - афзудааст ӯ.

Чаманқулова, ки қаблан ба ҳайси сухангӯи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон кор мекард, то ҳол дар бораи вазифаи наваш изҳори назар накардааст.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки Чаманқулова дар як қатор созмонҳои байналмилалӣ дар хориҷ кор мекард ва аз ӯ ба ҳайси мушовири сафорати ИМА дар Қазоқистон оид ба расонаҳои минтақавӣ ном мебаранд.