Беларус барои хиёнат ҳукми қатл таъйин мекунад

Белорус шарики асосии Русия аст.

Дар миёни биму нигарониҳо аз ҳамлаҳои эҳтимолии якҷояи Русия ва Белорус ба Украина аз қаламрави Белорус, мақомоти ин кишвар тарҳи қонун дар бораи таъйини ҷазои қатл барои хиёнат ба давлатро қабул карданд.

Тарҳи ислоҳи Кодекси ҷиноӣ рӯзи 7-уми декабр дар қироати аввал қабул шуд ва бар асоси он ҳар мақоми расмӣ ва ё низомие агар ба давлат хиёнат кунад, ба қатл маҳкум мешавад.

Бар асоси ин санад ҳамчунин барои “нашри иттилооти бадномкунанда дар бораи неруҳои мусаллаҳи Белорус” ҷазо таъйин шудааст. Русия айни қонунро моҳи март ва чанд рӯз баъд аз ҳамла ба Украина қабул кард. Бар асоси қонун, дар Русия низ барои “иттилооти бадномкунанда дар бораи неруҳои мусаллаҳ” ҷазо таъйин шудааст.