Додгоҳи шаҳри Панҷакент мудири як телевизиони мустақилро бо пардохти ҷарима озод кардааст. Сино Ниёзов, мудири телевизиони "Ориёно" моҳи октябр бо гумони таҳқири узви гурӯҳи "Авангард" боздошт шуда буд. Дар ин бора яке аз наздикони Сино Ниёзов ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Қарори додгоҳ рӯзи 7-уми декабр содир шуд. Суҳроб Ниёзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси телевизони "Ориённур" ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз эълони ҳукми додгоҳ бештар аз 100 ҳазор сомонӣ ҷаримаро ба бонк супориданд.
Худи Сино Ниёзов ҳанӯз барои суҳбат дастрас нест ва маълум нест, ки назараш ба ҳукми додгоҳ чист. Алайҳи Ниёзов бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ ё авбошӣ парванда боз шуда буд. Парванда бар асоси шикояти Беҳзод Муҳаммадӣ, узви пешини гуруҳи "Авангард" ва ҳоло корманди Идораи ҷавонони Панҷакент, боз шуд.
Баҳс бар сари занозании рӯзи 9-уми сентябри имсол дар назди тарабхонаи "Меҳр"-и Панҷакент аст. Беҳзод Муҳаммадӣ узви «Авангард» иддао карда, ки он рӯз Сино Ниёзов ва се ҳамроҳаш ӯро заданд ва дар либосаш "пешоб карданд". Наргис Азизқулова, вакили мудофеи Сино Ниёзов иттиҳомро рад карда гуфта буд, "ҳангоми рақсидан дар дохили тарабхона Беҳзодро тела дод, тамом."