Қазоқистон ба фаъоли ҳабсшудаи қарақалпоқистонӣ унвони паноҳҷӯ дод

Тлеубик Юлдошева

Фаъоли 38-солаи қарақалпоқистонӣ Тлеубик Юлдошева, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон қарор дорад, дар он кишвар расман паноҳҷӯ қайд шудааст.

Раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ дар Оқтеппа 5 декабр шаҳодатномаи дахлдорро имзо кардааст. Он барои 90 рӯз - то 5 марти соли 2023 эътибор дорад.

Шаҳодатнома баъди се ҳафтаи боздошти Юлдошева дар марзи Қазоқистон бо Русия ва эъломи ҳукми ҳабси пешакии ӯ ба муҳлати 40 рӯз дода шудааст.

Қонунгузории Қазоқистон истирдоди паноҳҷӯёнро ба кишварашон манъ мекунад.

Юлдошева рӯзи 13 нобяри имсол аз сӯи кормандони Хадамоти марзбонии Қазоқистон боздошт шуд. Гулмира Қуатбекова, корманди Дафтари ҳуқуқи башари Қазоқистон рӯзи якшанбе дар суҳбат бо Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, Юлдошева бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, ки ҳангоми сафар ба Русия дар гузаргоҳи марзии вилояти Оқтепа боздошт шудааст.

"Марзбонони қазоқ гуфтаанд, ки фаъоли қарақалпоқистонӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад", - изҳор дошт Қутбекова. Ба гуфтаи ӯ, Юлдошева панҷумин фаъоли қарақалпоқистонӣ аст, ки дар Қазоқистон боздошт мешавад.