Нозири минтақавӣ аз вилояти Фарғонаи Узбекистон, ки дар қимор 4 ҳазор доллар бохта буд, аз таппонча "худро паррондааст".
"Муайян карда шуд, ки ин корманди пулис моҳи август 45 миллион сӯм - муодили 4 ҳазор доллари ИМА-ро дар қимор бохтааст. Масъалаи қарз ҳал шуда, аммо нисбати вай ҷазои маъмурӣ таъйин карданд", - омадааст дар хабари пулиси вилояти Фарғона.
Ҷасади нозир А.У. рӯзи 6 декабр дар дохили мошинаш пайдо шуд.