Вақте зиндагӣ бар дӯши зан аст…

Зайнаб бо фарзандонаш

Ҳамасола дар Тоҷикистон бештар аз 13 ҳазор хонавода аз ҳам мепошад. Маъмулан, таъмину тарбияи фарзандони ин хонаводаҳо ба зиммаи модарон мемонад. Модароне, ки худ дастнигару ниёзманданд, тамоми бори рӯзгорро ба танҳоӣ бар дӯш мегиранд.

Падарон барои фарзандони “зиндаятим”-и худ гоҳе тақрибан 200-300 сомонӣ алимент мепардозанд ва гоҳе ҳам на. Дар ин мавзӯъ дар расонаҳо гузоришу мақолаҳои зиёде нашр мешавад. Баҳси нигаҳдории фарзандон баъд аз талоқ то ҷое расид, ки ҳамакнун падарони аз алимент қарздор ҳаққи берун рафтан аз Тоҷикистонро надоранд ва ҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб мешаванд.

Аммо маҳрумият аз ҳаққи сафар ба хориҷ ва таҳдиди зиндон ҳам натавонист, бори дӯши занони танҳомондаро кам ва шароити тарбияту нигаҳдории атфоли онҳоро беҳтар кунад. Занони талоқгирифта бо 3-4 фарзанди ноболиғ аз кадом ҳисоб ва чӣ гуна зиндагиро пеш мебаранд?

Зайнаб Заробиддиноваи 36-сола бо 4 фарзанди ноболиғ яке аз даҳҳо модарони танҳомондаи тоҷик аст.

Бе талоқи расмӣ, аммо бо масъулияти нигоҳубини фарзандон дар танҳоӣ

Зайнаб дар як хобгоҳи умумӣ, воқеъ дар рӯ ба рӯи собиқ бозори Султони Кабири Душанбе иҷоранишин аст. Барои як утоқи хобгоҳ, ки тақрибан 20 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ҳар моҳ 500 сомонӣ медиҳад. Дар ин ҷо Зайнаб бо 4 фарзанд - ду духтару 2 писар зиндагӣ дорад. Ду духтари вай дар синфҳои 6-7 таҳсил мекунанд ва як писараш ҳамин сол мактабхон шуд. Фарзанди хурдии ӯ чаҳор сол дорад. Харҷи обу нон, сару либос, иҷораи манзил, давову дармон дар як паллаи тарозу - харҷи мактаби 3 фарзанд дар паллаи дигар, ҳама бар дӯши ин модари танҳо аст.

Ба нақли вай, як сол аст, ки дигар бо шавҳараш зиндагии муштарак надорад ва падари фарзандон ҳам ба хонавода аслан кӯмаке намекардааст.

“Гоҳо телефон мекунад, бо фарзандонаш гуфтугӯ мекунад, мегӯям, ба падаратон гӯед, ки маблағ фиристад, зимистон дар пеш аст, либоси гарм харем. Ба кӯдакҳо мегӯяд, ки очаатон харад”, - нақл мекунад Зайнаб.

Хобгоҳ дар маҳаллаи 46-уми Душанбе

Зайнаб ҳоло дар як ошхона пешхидматӣ мекунад, мегӯяд рӯз аз рӯз муштариҳои ошхона кам мешаванд ва эҳтимол дорад, ба зудӣ ошхонаро тахриб кунанд. Ин вазъ нигаронӣ ва андуҳи Зайнабро бештар кардааст. Ҳоло ба ин фикр аст, ки акнун куҷо бояд равад, аз куҷо даромад ёбад, то худу 4 фарзандро таъмин намояд?

“Ҳамааш соли 2012 сар шуд”

Ба нақли Зайнаб, вай соли 2007 ба шавҳар баромад. 5 сол дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, дар ҳавлии падари шавҳараш зиндагӣ карданд.

“Ман хонашин будам, шавҳарам ҷое кор намекард. Фарзандҳо пайи ҳам таваллуд шуданд, зиндагӣ вазнинтар шуд. Ягона роҳи пеш бурдани зиндагӣ мустақилона зистан буд. Бо ҳамин ният соли 2012 ба Душанбе кӯчидем”, нақл кард, Зайнаб.

Аз он сол вай дар хобгоҳи умумии марбут ба ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” дар рӯ ба рӯи бозори пешини Султони Кабир иҷоранишин аст. Ду писари вай дар ҳамин хобгоҳ таваллуд шудаанд.

“Як соли аввали ба Душанбе кӯчидан хонашин будам. Падарашон дар бозори Султони Кабир аробакашӣ мекард. Гоҳ кор мекард, гоҳо не. Зиндагӣ ба сахтӣ мегузашт. Рӯзҳое мешуд, ки ноне пайдо намекардем”, - гуфт Зайнаб.

Сахтиҳои рӯзгор Зайнабро водор кард кӯдакони хурдсолро танҳо монда ба кор барояд. Дар бозори пешини Султони Кабир кӯчарубӣ мекард. Баъди баста шудани бозор, дар аввали соли 2022, ноумедӣ ва мушкилоти зиндагии Зайнаб бештар шуданд. Ҳоло ӯ дар ошхонае, дар канори харобаҳои бозори пешин пешхидмат аст.

Ҳаққи заҳмати якрӯзааш 50 сомонӣ аст ва бархе аз рӯзҳо барои расонидани фармоиши ғизо ба чанд мағоза то 20-30 сомонии дигар ба даст меорад.“Рӯзе мешавад, ки ҳамин 50 сомониро ҳам намеёбам. Падарам ё бародарамро занг мезанам, барои шом ё саҳарамон ғизо мехаранд”, - гуфт Зайнаб.

Зайнаб мегӯяд, аввал намехост, пешхидмат шавад. Зеро, ба гуфтаи вай “ мардум дар бораи пешхидматҳо назари нек надоранд”. Аммо таъмини фарзандон ӯро водор кард, ки ин корро қабул кунад, коре ки ба наздикӣ онро ҳам аз даст медиҳад.

Чанд моҳи пеш ин модари танҳомонда тасмим гирифт, ки ду писарашро ба ятимхона супорад. Аммо дар ятимхона ба Зайнаб гуфтаанд, “кӯдаконеро, ки падару модарашон дар ҳаёт ҳастанд, намепазиранд”.

“Ман кор меравам, инҳо ҳардуяшон дар хона танҳоянд. Апаҳояшон дарс мераванд. Писари калониам синфи 1 мехонад, саҳарӣ дарс меравад, аз мактаб меояд, ки апаҳояш мактаб мераванд. Ду кӯдаки хурд танҳо ва беназорат мемонанд. Ман кор накунаму ба нигоҳубинашон машғул шавам, аз куҷо шикамашонро таъмин мекунам? Ба ҳамин хотир хостам, ба ятимхона супорам, нашуд”, - гуфт Зайнаб.

“Русия меравам…”

Зайнаб умедашро аз падари фарзандон кандааст. Мегӯяд, медонад, ки падари кӯдаконаш дар таъмину тарбияи онҳо саҳм нахоҳад гузошт ва дар фикри имрӯзу ояндаи онҳо нест. Бинобарин ӯ тасмим гирифтааст, ки ба Русия равад.

“Тобистон барои шиносномаи хориҷӣ аз ҳамсоя 1000 сомонӣ қарз гирифтам. Шиноснома кардам, лекин натавонистам, ба Русия равам. Аз фарзандон ҷудо шуда натавонистам. Вале дигар чорае нест, ҳадди ақал бояд фарзандонам як манзил дошта бошанд. Хона аз худамон бошад, пешхидматӣ, фаррошӣ ё кӯчарубӣ карда рӯзамонро пеш мебарам.”, - гуфт Зайнаб.

Ба ғайр аз пули иҷора пули ба даст овардаашро ӯ барои харидории маводи ғизоӣ сарф мекунад. Вай мегӯяд, хоҳарону бародаронаш баъзан барои хариди сару либоси фарзандон ба ӯ кӯмак мекунанд ва гоҳи дигар фарзандони Зайнаб либосҳои куҳнаву фарсудаи дигаронро мепӯшанд.

“Тобистони ҳамин сол рӯзро рӯз ва шабро шаб нагуфта, кор кардам. Баъди кор, агар ягон кас поккории хона мефармуд, мерафтам, то нисфи шаб кор мекардам. Моҳи август 1500 сомонӣ ҷамъ кардам. Вале ин барои сару либоси мактабӣ кофӣ набуд. Дар фикру хаёл будам, ки аз куҷо маблағи боқимондаро пайдо кунам. Як рӯз аз роҳ як гӯшвори зард ёфтам, ба заргар нишон додам, гуфт, ки тилост. 520 сомонӣ харид ва бо он сару либоси бачама харидам. Худо ҳеч каса бе рӯзӣ накардаст…”, - гуфт Зайнаб.

Ин модари танҳо бо чаҳор фарзанди ноболиғ, ба тағйироти ҷиддие дар зиндагиаш умед дорад, аммо мегӯяд, тамоми талошашро хоҳад кард, то барои фарзандон шароити хуб фароҳам кунад. Ҳарчанд намедонад, ки ба танҳоӣ то куҷо ин кор барояш даст хоҳад дод. Ӯ аз ояндаи кӯдаконаш нигарон аст. Мегӯяд, бо бузургтар шудани онҳо талабот ва харҷашон ҳам бештару нигоҳубини онҳо мушкилтар мешавад.

Кӣ бояд талаботи моддии фарзандони чунин хонаводаҳоро таъмин мекунад? Талаботи отифиашонро чӣ?