Ҷойи хоби муҳоҷирони тоҷик дар Маскав сухт

Сӯхтор дар хонаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия.

Макони зисти 12 муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав оташ гирифтааст. Ҳодиса нисфирӯзии 5-уми декабр дар маҳаллаи ба номи Пушкини пойтахти Русия рух дод.

Як тан аз муҳоҷирон, ки нахост номашро зикр шавад, бо ирсоли видео ба Радиои Озодӣ гуфт, ки либосу дигар ашёи рӯзгорашон дар ин сӯхтор нобуд шуд, вале худашон осеб надиданд. Ӯ гуфт, ки лаҳзаи сӯхтор онҳо дар кор буданд ва намедонад, ки оташсӯзӣ дар манзили онҳо аз чӣ сар задааст.

Маъмурони идораи сӯхторхомушкунӣ ба муҳоҷирон гуфтаанд, ки сӯхтор дар пайи канда шудани сими барқ ва афтодани он ба боми бино сар задааст.

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав дар як сохтмон кор ва ҳама дар як манзили дутабақа зиндагӣ мекардаанд.

Шаби 21-уми сентябри имсол дар ноҳияи Белоярскии Русия марди муҳоҷир бо ҳамсар ва чор фарзандаш дар сухтор осеб диданд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо дар ҷойҳое зиндагӣ доранд, ки бехатар ва барои зиндагӣ амн нест. Дар аксар ҳолат мақомоти Русия худи муҳоҷиронро гунаҳкор мекунанд, ки қоидаҳои зиддисӯхторро риоят намекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомот ва корфармоёни рус барояшон шароити дурусти кору зиндагиро фароҳам намесозанд.