Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 6-уми декабр гуфт, сарбозон ҳамлаҳои нави неруҳои Русияро дар шарқи ин кишвар рафъ кардаанд.
Аз тарафи дигар муҳандисони украинӣ саъй доранд, хату шабакаҳои барқро таъмиру барқарор кунанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия вайрон шуданд. Ҳамлаҳои мушакӣ сабаби қатъи нерӯи барқ дар бисёре аз гӯшаҳои Украина шуд, ки ҳаво дар он сардтар мешавад.
Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки сарбозони Русия ҳамлаҳои беамон ба маҳаллаҳои шаҳри Бахмут ва Авдеевка дар вилояти Донетскро идома доданд ва бо танку тӯпхона тақрибан 20 маҳалларо оташборон карданд.
Мақомоти Украина мегӯянд, хатари ҳамлаҳои Русия ба зербунёдҳои барқӣ боқӣ мемонад ва ба сабаби таъмиру тармими шабакаҳои осебдида дар қисматҳои зиёди ин кишвар неруи барқ қатъ мешавад. Рӯзе пештар аз, ин Русия бо ҳамлаҳои мушакӣ, хонаву шабакаҳои зиёдеро вайрон карда, мардуми бисёрро аз неруи барқ маҳрум кард.