Дар Алмаато эътирозгаронро дар назди консулгарии Чин боздошт карданд

Эътирози наздикони боздоштшудаҳо дар Чин. Қазоқистон .

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 5-уми декабр, дасти кам чаҳор фаъоли маданиеро, ки раҳоии наздикони худро аз боздоштгоҳҳои минтақаи Шинҷони Чин талаб мекарданд, боздошт кард.

Фаъолон дар наздикии консулгарии Чин дар Алмато ҷамъ омаданд ва дастгир шуданд.

Намояндаи шаҳрдории Алмато ба назди эътирозгарон рафт ва гуфт, таҷаммуи онҳо "ғайриқонунӣ" аст. Дар миёни боздоштшудаҳо фаъолон Холида Акитхон ва Ақиқат Калиолла низ ҳастанд. Пулис ин боздоштҳоро то ҳол шарҳ надодааст.

Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 667 рӯз пеш да рӯзи 5 декабр шуруъ шуда буд ва дар давоми ин муддат масъулони намояндагии дипломатии он кишвар боре ба назди онҳо набаромадаанд.

Бархе аз таҷаммуъгарон мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.