Парвандаи хешованди Вазирбековро ба додгоҳ фиристоданд

Тоҳир Абдолбеков

Парвандаи Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии Хоруғ ва яке аз хешовандони, Ораз Вазирбеков, фаъоли боздоштшудаи бадахшонӣ, ба Додгоҳи Хоруғ фиристода шудааст. Абдолбеков расман ба "ифротгароӣ" муттаҳам мешавад. Худи ӯ ин айбро нисбаташ беасос хондааст.

Яке аз пайвандони вай рӯзи 5-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Додситонии Хоруғ рузи 3-юми декабр онҳоро ба суҳбат даъват намуда, ҳуҷҷатҳо ва телефони мобилии ӯро, ки зимни амалиёти кофтуков дар манзили зисташ гирифта буданд, баргардонданд.

“Дар суҳбат гуфтанд, ки парвандаашро рӯзи 2 декабр ба Додгоҳи Хоруғ фиристодем, вале мо умедворем ки муҳокимаи додгоҳи одилона сурат гирад”,-гуфт, хешованди Абдолбеков .

Тоҳир Абдолбеков миёнаҳои моҳи ноябр боздошт шуда буд. Мақомот қазияи ӯро шарҳ надодаанд, аммо пайвандони ин узви собиқи Маҷлиси Бадахшон гуфтанд, ӯ "ба ҳамкорӣ бо Алим Шерзамонов" ва "додани оши Мамадбоқир Мамадбоқиров" гумонбар аст. Пештар гуфта буданд, ӯ барои "расондани ёрӣ ба эътирозгарон дар Хоруғ" муттаҳам аст.

Худи Абдолбеков ба наздиконашу муфаттишон гуфтааст, иттиҳомҳоро беасос медонад ва хоҳони таҳқиқи мунсифонаи парванда аст. Кӯшишҳо барои гирифтани шарҳи муфаттишон бенатиҷа буд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа, гуфт, бо Тоҳир Абдолбеков на ҳамкорӣ, балки мухолифати сиёсӣ дошт.

Тоҳир Абдолбеков, язна (шавҳари хоҳар)-и Ораз Вазирбеков, фаъоли бадахшонӣ ва соҳиби чанд дӯкон дар Хоруғ аст. Додгоҳи шаҳри Душанбе худи Вазирбековро, ки дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, дар аввали моҳи ноябр ба 16 сол зиндон маҳкум кард.