Нишасти сарони кишварҳои ЕВРАЗЕС дар Бишкек

Парчами кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё. 20 августи чоли 2021. Қирғизистон

Рӯзи 9-уми декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор мешавад. Соли ҷорӣ ин Иттиҳодро Қирғизистон роҳбарӣ мекунад.

Ба навиштаи расонаҳо, дар ин ҷаласа президенти Русия Владимир Путин ширкат мекунад. Аз дастури кории саммити мазкур расман хабар дода нашудааст.

Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Ин иттиҳод бо ҳадафи бартараф кардани монеаҳои гумрукӣ, равуои озоди одамон ва интиқоли молу коло ташкил шудааст.

Аммо монеаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви он ҳамоно бартараф нашуда, тоҷирон мегӯянд, ҳангоми ворид кардани мол бо мушкилот дучор мешаванд.

Ба андешаи аз сиёсатмадорон ИИАО - созмонест, ки бо ҳадафи ҳифзи манфиатҳои геополитикии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шудааст. Дар порлумони Қирғизистон борҳо даъват ба хориҷ шудан аз ин созмон садо додааст.