Як маҳбуси собиқи рус, ки дар Украина ба асорат афтодааст, хостааст ӯро ба Русия надиҳанд. Ин сарбоз ба эҳтимоли зиёд аз сӯйи гурӯҳи ғайрирасмии низомии “ЧВК Вагнер” ба ҷанги Украина ҷалб шудааст.
Навори сӯҳбат бо маҳбуси асирафтодаи 26 соларо рӯзи 3-юми декабр хабарнигори украинӣ, Юрий Бутусов нашр кард. Сарбози асирафтодаи рус дар видео мегӯяд, ӯ собиқ зиндонӣ аст ва дар ҳайати ширкати низомии “ЧВК Вагнер”дар Украина меҷангид. Ба нақли ӯ дар ин ширкат афроди дар ҷанг талсимшударо мепарронанд. Маҳбуси собиқ аз мақомоти Украина хостааст, ҳангоми табодули асирон ӯро иваз накунанд ва ба Русия барнагардонанд.
Хоҳари ин маҳбус дар сӯҳбат бо нашрияи “Вёрстка” тасдиқ кардааст, ки шахсӣ дар наворбуда бародари ӯ аст, ки чанд бор зиндонӣ шудааст. Бори охир ӯ соли 2020 барои дуздии як чорво ба 3,5 соли зиндон маҳкум шудааст. Ин шаҳрванди Русия моҳи сентябр дар ҳайати ширкати “Вагнер” ба ҷанг рафтааст. Барои озодии ӯ аз зиндон беш аз як соли дигар монда будааст.
Чандин пажӯҳишӣ журналистӣ маълум кардааст, ки садҳо нафар аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд. Ин кор аз сӯйи ширкати ғайрирасмии низомии Русия “ЧВК Вагнер” анҷом мешавад. Ба маҳбусон ваъда медиҳанд, ки бар иваз 6 моҳи ширкат дар ҷанг аз зиндон озод хоҳанд шуд. Қонунҳои Русия афви маҳбусон бар иваз ба ҷангро пешбинӣ накардааст.
Қаблан дар интернет навори сӯҳбати Евгений Пригожин, раҳбари “ЧВК Вагнер” нашр шуд, ки ӯ дар як муассисаи ислоҳӣ ба маҳбусон таъкид мекунад, онҳое, ки дар ҷанг таслим мешаванд ё ақибнишинӣ мекунанд кушта мешаванд.
Моҳи ноябр дар интернет навори куштори бераҳмони як маҳбуси собиқи рус нашр шуд, ки баъди асир афтодан, Украина ӯро ба Русия дод. Eвгений Нужин, ки барои куштор зиндонӣ шуда буд, аз сӯйи ширкати “ЧВК Вагнер” ба ҷанг рафт. Моҳи сентябр ӯ худро ба украиниҳо таслим кард ва дар як суҳбаташ бо журналисти украинӣ гуфт, ба хотири фирор аз Русия узвият дар гурӯҳи “Вагнер”-ро қабул кард. Баъдан дар пайи як табодул Украина Нужинро ба Русия дод ва маҳбуси собиқ бераҳмона бо путк ё болғаи сангини сохтмонӣ кушта шуд.
Созмони байналмиллалии “Human Rights Watch” борҳо аз низомиёни Украинӣ хостааст, аз нашри навору сӯҳбати асирон ба хотирии бехатарии онҳо худдорӣ кунанд.
Чанде пеш сомонаи "Медиазона" бо такя ба маълумоти расмӣ аз коҳиши якбораи шумори зиндониён дар маҳбасҳои Русия хабар дод. Ба навиштаи ин расона дар давоми ду моҳ теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои мардонаи Русия 23 ҳазор нафар кам шудаанд. Сабаби камшавии бесобиқаи маҳбусон сафарбарии онҳо ба ҷанги Украина гуфта шудааст.
Дар зимн дар зиндонҳои Русия муҳоҷирони зиёдеро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаҳ медоранд ва дар ин муддат чанд мавриди ҷалби муҳоҷирони тоҷику узбек аз маҳбасҳо ҳам расонаӣ шудааст.