Русия ҳамкорӣ бо Узбекистонро дар бахши энержии атомӣ муҳим арзёбӣ мекунад. Дар ин бора сарвазири Русия Михаил Мишустон рӯзи 2 декабр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон хабар дод.
Мишустин гуфт, бузургтарин тарҳ пойгоҳи муштараки ҳастаӣ аст, ки аз рӯи дизайни русиягӣ сохта мешавад.
Созишномаи байниҳукуматии Русияву Узбекистон дар бораи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар ҳудуди Узбекистон моҳи сентябри соли 2018 имзо шудааст. Ин неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи Узбекистон ва қарзи давлатии Русия сохта мешавад.
Вазорати энержии Узбекистон хабар дод, ки неругоҳи ҳастаӣ то соли 2030 ҳудуди 15-18 дарсади талаботи Узбекистон бо барқ таъмин мекунад. Минтақае дар назди кӯли Тузкан дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон майдони мувофиқ барои сохтмони неругоҳ интихоб шудааст.
Фаъолони узбекистонӣ аз нахустин рӯзҳои нашри хабари сохтмони неругоҳ ин масъаларо мавриди баҳс қарор медиҳанд, ки он то кадом андоза аз ҷиҳати муҳитзистӣ бехатар аст. Интихоби Русия низ ба ҳайси шарик баҳсҳоро ба вуҷуд овардааст.