Афзоиши гирифторӣ ба COVID-19 дар Узбекистон

Рӯзи шанбеи 3 декабр дар Узбекистон 162 гирифтори нав ба COVID-19 ошкор шуд, ки баландтарин нишондод аз моҳи феврал ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, рӯзи шанбеи гузашта дар ин кишвар 162 кас ба коронавирус мубтало шудааст. Як рӯз пеш ин рақам 155 нафарро ташкил медод. Манбаъ афзуда, ки аз 25 ноябри имсол ба ин сӯ дар ин кишвар рӯзона беш аз 100 кас ба коронавирус мубтало мешавад.

Дар шаҳри Тошканд рӯзи шанбеи гузашта 89, дар вилояти Тошканд 20 ва дар навоҳии дигар беш аз 10 кас ба коронвирус гирифтор шудааст.