Бо ин ки 90 сол дораду дар деҳаи дурдасте зиндагӣ мекунад, имрӯз ҳам талош мекунад, ки китобу рӯзномаҳои навтаринро дастрас кунад. Баъзе китобҳоро агар хушаш омад, батакрор мехонад.
Ҳоло дилбастаи китоби “Пири фалаксароён”-и Ҷумъахонӣ Сайдалӣ шудааст. Китобе, ки аз паҳлӯҳои нокушодаи ҳаёти овозхони маъруф Одина Ҳошим қисса мекунад, момаи Султонбибиро гоҳо ба ёди ҷавониҳои худи ӯ мебарад.
Аслан ӯ зодаи ноҳияи Дарвоз аст ва дар хурдӣ ҳукумати Шӯравӣ хонаводаашро ба ноҳияи Москав - Ҳамадонии имрӯза кӯч додааст. Ҳоло ҳамроҳи яке аз писарҳояш дар деҳаи Файзобод зиндагӣ мекунад.
Дар мактаб, ба гуфтааш, то синфи чаҳор бо баҳои аъло хонд. Тахминан солҳои 1944, вақте ҳукумати шӯравӣ бо артиши нозии Олмон меҷангиду вазъ нобасомон буд, падар Султонбибиро ба шавҳар дод. Мегӯяд, ҳамагӣ 12 сол дошт. Бо ҳамин аз таҳсилу хондан монд. Мегӯяд: “Ман ҳамин синфи панҷро тамом кардаму чор моҳи синфи шашро хондам, ки ба шавҳар доданд. Пешқадами талабаҳои мактаб ман будам. Давраи ҷанг буд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъди издивоҷ ба кори саҳро машғул шудааст, вале ишқи мутолеаро ҳеҷ гоҳ тарк накард ва талош мекард, рӯзномаву китобҳоро бо худ ба саҳро барад. “Шоҳнома”-и Фирдавсиро пурра азхуд кардаву соле пеш китоби “Таърихи Дарвоз”-ро хондааст.
Рубоиҳои бисёр медонад ва шеър ҳам мегӯяд. Ба гуфтааш, набераҳояш ҳам гоҳе муштоқи шунидани чанд порча шеър аз забони модаркалонашон аз шаҳрҳои дуру наздик занг мезананд:
Ӯ мегӯяд: "Набераам дар Масква гуфт, ки “як шеъррам бигӯ”. Инро гуфтам:
Эй дӯст муҳаббати сабурӣ дорӣ,
Ту тоқати ҳамчун сони дурӣ дорӣ.
Дилгир ҳастам, ба рафта дер омаданат,
Ин доғи ҷудоӣ аз зарурӣ дорӣ.
Гуфт: “Дар ҷони момаам бимирам!”
Бонуи китобхон дар зиндагӣ бо ҳамсараш, ки соли 1980 даргузашт, даҳ фарзанд ба дунё овард. Се фарзандаш даргузаштанд ва ҳафт фарзандро талош кард босаводу коргар тарбия кунад.
Вале одати китобхонӣ аввалин чизест, ки момаи Султонбибӣ ба ҳар як узви оилааш ёд додааст. Писараш Ҷумъахон Гадоев мегӯяд, ки одати хуб ба арӯсони хонавода ҳам “сироят” кардааст. Ӯ, ки бо модари китобхонаш ифтихор мекунад, гуфт: “Китобхонии ҳамин модарам буд, ки дар хонадон ҳамин анъана шуд. Ҳозир оилаам китоб мехонад, фарзандонам китоб мехонанд, келинҳо ҳам аллакай шурӯъ кардаанд.”
Кормандони ҷамоат ҳам мегӯянд, ки ҳафтае нест, ки аз китобхона ба ӯ китоб набаранд. Раҳим Наимов, котиби ҷамоати Даштигуло, ки деҳаи Файзобод як бахши он аст, мегӯяд: “Ман ҳамчун ҳамсинфи фарзандаш ва аз хурди ӯро дар ёд дорам, ки ӯ ба китобхонӣ машғул буд. Ҳоло ҳам ин анъанаро ӯ давом дода истодааст.”
Момаи Султонбибӣ мегӯяд, агар “мисли панҷ сол пеш қувваву тавоноӣ медошт”, дар озмуни шеърхонии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ширкат мекард. Ин озмуни телевизионии шогирдони мактабҳои Тоҷикистонро пайваста тамошо мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Пеш то Ҳиндустон мерафтанд, ҳоло мегӯянд, Интернет ҳаст" ВИДЕО"Китобхон" ҷавонони тоҷикро китобхон кард? ВИДЕО "Кори савоб мекунанд, вале аз кишварҳои дигар хеле дер мондем." ВИДЕОҶавоне, ки бо китобхонӣ паҳлавон шуд. "Комикс"-и нав дар Тоҷикистон. ВИДЕОСатҳи саводи аҳолиро дар Тоҷикистон муайян мекунанд. Мардум босавод шудаанд, ё камсавод? ВИДЕО"То кай хонандагони тоҷик рӯзи худро бо тоза кардани оғил гузаронанд?"Тоҷикон дар "карантин" чӣ кор мекунанд? Чанд паём аз гӯшаҳои дунё. ВИДЕО