Фармондеҳи артиши Украина Валерий Залужний дар як сӯҳбати телефонӣ бо сардори ситоди муштараки артиши ИМА Марк Миллӣ ба дархости Киев пойфишорӣ кард, ки ин кишвар ба силоҳу муҳимоти бештар ниёз дорад.
Залужний шоми 3-юми декабр дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки дар сӯҳбаташ Миллиро дар бораи мушакборонҳои ахири Русия ба сохторҳои мулкӣ огаҳ карда аз ИМА дар дарёфти ҳавопаймоҳову системаҳои дифои мушакии бештар кӯмак хостааст.
Рӯзи 30 ноябр ИМА эълон кард, ки бо ширкати дифоии Raytheon дар ҳаҷми 1,2 миллиард доллар қарордоде бастааст, ки истеҳсоли системаҳои пешрафтаи дифоии NASAMS-ро дар назар мегирад.