Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки ранҷи селу обхезиҳои зиёди моҳҳои гузаштаро мекашад, 5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона фиристодааст.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 2-уми декабр хабар дод, ки кӯмаки иборат аз орду равған, гандум ва дигар маводи зарурӣ барои сохтмон бо арзиши 19 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба Покистон фиристода шудааст. Дар баёния омадааст: “Вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемилогӣ ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табии дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон... ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.”
Кӯмак иборат аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандум, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 ҳазор дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собун иборат будааст.
Моҳи сентябри имсол бар асари борони зиёд ва селу обхезӣ дар Покистон зиёда аз 1300 нафар ҷон бохтаанд. Дар умум, 33 миллион нафар макони зисти худро тарк кардаанд ва ба иқтисоди Покистон тақрибан даҳ миллиард доллар зарар расид. Тоҷикистон моҳи сентябр низ ба Покистон 3 ҳазор тонна кумаки башарӣ фиристода буд.