Чаро рақамҳои таксиҳоро дар Душанбе мекананд? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро рақамҳои таксиҳои куҳна дар Душанберо мекананд?

Бархе аз ронандаҳои таксӣ дар Душанбе шикоят мекунанд, ки нозирони роҳ рақамҳои давлатии мошинҳояшонро мечинанд ва бо ин роҳ онҳоро аз мусофиркашӣ маҳрум мекунанд.

Бештар ронандаҳое чунин шикоят мекунанд, ки мошинашон аз соли 2016 поён истеҳсол шудааст.

Дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳадаф коҳиши шумораи таксиҳо дар пойтахт буда, бештар мошинҳоеро барои мусофиркашонӣ роҳ медиҳанд, ки нав ҳастанд.

Як масъули ин ниҳод рӯзи 1-уми декабр бидуни зикри номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар пойтахт 6,5 ҳазор таксӣ фаъол аст, вале дар асл, 4 ҳазору 200 таксӣ барои хизматрасонӣ ба сокинон басанда мебошад.

Ин мақомдор гуфт, шумораи аз меъёр бештари таксиҳо боиси танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт ва зиёд шудани нақзи қоидаҳои роҳ шудааст.

Рақами давлатии мошини Саъдӣ Раҳимов, ронандаи таксӣ дар Душанберо нозирони роҳ нагирифтаанд. Ӯ гуфт, соли истеҳсоли мошинаш 2019 аст, аз ин рӯ, барояш иҷоза додаанд, то мусофиркашониро давом диҳад. “Бисёр таксиҳоро номерҳояшонро гирифтанд. Баъзеашон аз бонк қарздоранд. Бисёртар, ҳамон мошине, ки солаш нав аст, рақамашро намекананд, солаш, ки кӯҳна, 2014-15 бошад, мекананд.”

Фозилҷон Фатуллоев, шореҳи иқтисодӣ мегӯяд, танзими миқдори таксӣ дар Душанбе хуб аст, вале ин савол матраҳ аст, ки ронандаҳои онҳо ҳамакнун чӣ тавр хонаводаҳояшонро бо нон таъмин мекунанд. Ӯ гуфт, эҳтимол ин тасмим дар пайи рақобати ширкатҳои таксӣ ба вуҷуд омадааст. “Ширкатҳои “Олуча”, “Рахш таксӣ”, “1111” ва дигарҳо рақобати дуруст бурда истодаанд. Лекин байни ҳамин чор ширкат алоҳида боз рақобати пинҳонӣ ҳаст,”--гуфт ӯ.

То ҳол ҳеҷ яке аз мақомоти танзимкунандаи фаъолияти ширкатҳои таксӣ дар Душанбе омодаи изҳори назар нашуданд.

Камбуди ҷойи кор ва маоши андаки корӣ дар Тоҷикистон ва танг шудани фазои муҳоҷирати корӣ дар Русия бархе аз шаҳрвандонро водор мекунад, ки бо дарёфти қарзи бонкӣ мошине харидорӣ карда, ронандаи таксӣ шаванд.