Тоҷикистон аз СММ хост, барои ҳифзи пиряхҳо чора бинад

Макони пиряхи обшуда дар водии Зарафшон

Тоҷикистон умедвор аст, ки то охири сол қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо қабул мешавад. Дар ин бора Султон Раҳимзода, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳур вобаста ба масъалаи обу иқлим рӯзи 2-юми декабр хабар дод.

Ҷаноби Раҳимзода зимни як нишаст бо ҳузури корпусҳои дипломатии муқими Душанбе гуфт, маъмурияти Тоҷикистон пешнависи қатъномаро омода карда, бо маъмуриятҳои дигар кишварҳо дар СММ муҳокима кард.

“То ҷое медонам, ин тарҳ, аллакай дар сатҳи Кумитаи дуввум тасдиқи худро ёфт. Мо умедворем, ки то охири ҳамин сол қатънома дар Маҷмааи кулли СММ қабул мешавад ва ин боз саҳми арзандае дар ҳалли мушкилиҳои вобаста ба об хоҳад шуд. Зеро пиряхҳо сарчашмаи обҳои ошомиданӣ мебошанд,"-афзуд Султон Раҳимзода.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милал пешниҳод кардааст, ки "соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" эълон гардида, санаи "Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо" муайян карда шавад." Тоҷикистон ҳамчунин мехоҳад Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли камбуди об дар ҷаҳон ба Созмони Миллал чандин пешниҳодҳоеро ироа кардааст ва мизбони чанд нишаста вобаста ба об буд.

Мунтақидон мегӯянд, дар дохили кишвар сокинон бо оби тоза пурра таъмин нестанд ва нахуст бояд ин масъала ҳал шавад.