Дар Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 30 ноябр вакилони порлумони он кишвар Шайлобек Атазов ва Женишбек Токторбоевро бозпурсӣ карданд.
Сироҷиддин Камолиддинов, сухангӯи додситонӣ гуфт, вакилонро барои муайян кардани иттилоъе ба додситонӣ даъват карданд, ки онҳо дар порлумон баён доштанд.
Вакил Атазов дар ҷаласаи рӯзи 30 ноябр дар порлумон масъалаи қаллобиҳои "аҳромҳои молӣ"-ро бардошт ва гуфт, ки ин "аҳромҳо"-ро кормандони пулис ва додситонӣ ҳимоят мекунанд.
Вакили дигар Токторбоев гуфт, ки фасод дар додситонӣ "афзоиш ёфтааст" ва барои ин ниҳод "мардум сухани нек надорад".
"Интихобкунандагон ба ман муроҷиат кардаву гуфтанд, дар додситонӣ барои иваз кардани як моддаи ҷиноӣ ба моддаи дигар дар парвандаҳо 10 ҳазор доллар талаб мекунанд", - гуфт вакил Токторбоев.