Тибқи фармони президенти Тоҷикистон маъракаи тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ 30-юми ноябр ба анҷом расид. Аммо мақомот хабар надодаанд, ки нақшаи даъват то имрӯз пурра иҷро шуд ё не. Бори охир Вазорати дифоъи кишвар дар миёнаҳои моҳи ноябр аз 81 дар сад иҷро шудани нақшаи хидмат дар артиш иттилоъ дода буд.
Ин дар ҳолест, ки дар охирин рӯзҳои маъракаи даъвати тирамоҳӣ шикоят аз гусели иҷбории ҷавонон зиёд шудааст. Даҳҳо корбари Озодӣ аз ноҳияву минтақаҳои кишвар аз “облава” ё маҷбуран ба артиш будани фарзандону хешовандонашон хабар доданд. Бархе аз он нигаронӣ кардаанд, ки пайвандони беморашон ҳам иҷборан ба артиш сафарбар мешаванд.
Видеоро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Волидайни як ҷавон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иддао доранд, ки маъмурони Комиссариати ҳарбӣ фарзанди маъюби онҳоро боздошт карда, ба Комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Ба гуфтаи волидон, Меҳровар Усмонови 23 сола нуқси модарзодӣ дорад ва рӯзи 26 – уми ноябр маъмурони ҳарбии шаҳри Конибодом ӯро боздошт кардаанд.
Маҳбуба Раҳматова, сокини Истаравшан ва модари Меҳровар Усмонов мегӯяд, он рӯз писараш барои кӯмак ба назди падар рафта буд. Модари Меҳровар рӯзи 30-юми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Талаб мекунам, ки бачаи маро гардонанд аз хизмати ҳарбӣ. Фарзандони солими Тоҷикистон куҷо шудаанд, ки писари ногирон (маъюб)-и маро мебаранд”.
Ба иддаои Маҳбуба Раҳматова, Меҳровар дуруст хӯрок хурда наметавонад, биноияш ҳам суст асту муолиҷаҳои пайвастаи ӯ натиҷаи хубе надодаанд. Модар мегӯяд, писараш ба нигоҳубини хос зарурат дорад. “ Болои ин тухмдонаш ҷарроҳӣ шуда буд. Ман ба ҳама табибон муроҷиат кардаам. Ба фикри ман писарам дар натиҷаи наркоз гирифтан ҳангоми ҷарроҳӣ ба ин ҳол дучор шудааст.”
Маҳбуба Раҳматова мегӯяд, дар гузашта ҳам борҳо талош шуда буд, ки Меҳровар ба хизмати ҳарбӣ бурда шавад, вале бо сабаби беморӣ, табибон иҷоза намедоданд.
Бо вуҷуди иддао ва муроҷиатҳои пайвандон ба мақомоти назоратӣ, шоми дирӯз Меҳроварро ба як қисми низомии шаҳри Душанбе бурдаанд. Наздикон ҳоло аз хуруҷи бемории ӯ дар ташвишанд. “Ба Прокуратура муроҷиат кардам, ба Комиссариати ҳарбии вилоят рафтам, ҳеҷкас гапи маро гуш накард. Ба Ҳукумат рафтам, маро гашта ба Комиссариати ҳарбӣ фиристоданд ва гуфтанд, ки мо бори дигар ташхис мегузаронем. Агар бемор бошад намеравад. Вале ҷавоби ташхисҳоро ба ман надоданд.”— гуфт, Маҳбуба Раҳматова, модари Меҳровар Усмонов
Мақомот қазияро шарҳ надодаанд, аммо ҳамвора таъкид мекунанд, ки шахсони беморро ба аскарӣ намебаранд. Онҳо чунин иддаои волидони даъватшавандаҳоро баҳонае барои саркашӣ аз хизмати фарзандон медонанд.
Даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27 сола ба хидмати ҳарбӣ рӯзи якуми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябр идома мекунад. Ҷавононе зиёде ин шабу рӯз мехоҳанд бидонанд, ки нақшаи даъват пурра иҷро шудааст ё не.
Мақомот тақрибан ду ҳафтаи ахир дар ин бора иттилое нашр накардаанд. 12- уми ноябр масъулин эълон карда буданд, ки нақша 81,4 дар сад иҷро шудааст. Он замон гуфта буданд, сафарбарии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар Вилояти Суғд беш аз 70 фоиз иҷро шудааст.
Мақомот ҳамасола гузориш медиҳанд, ки аксари ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд, вале шикоятҳо аз сарбозшикор ё “облава” кам намешавад.