"Душмани халқ", "ҷосус", "мулло"... Таъқиби сиёсӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

“ТРОЙКА”-ҲОИ САРХӮР

Дар солҳои 30-юми асри бист дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон “фарзанди” ҳафтумаш буд, як қатор воқеаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯй дод. Дар баробари “музаффариятҳои сотсиалистӣ” кишвари паҳноварро репрессия ё таъқибҳои мудҳиш фаро гирифт.

Дар тӯли ин даҳсола, тибқи омори гуногун, чанд миллион шаҳрванди Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ таъқибу зиндонӣ ё бадарға ва садҳо ҳазор каси дигар аз тарафи “двойка” ва “тройка”-ҳо ба марг маҳкум шуданд.

Иосиф Сталин

Муҳаққиқон теъдоди қурбониёни таъқиботи солҳои сиюмро дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор мегӯянд, аммо чӣ қадари онҳо ҳукми қатл гирифтаанд, маълум нест. Дар баъзе аз навиштаҳо шумораи онҳоро 1700 нафар зикр мекунанд.

Ба “тройка”-ҳо маъмулан се нафар шомил мешуданд, аз ҷумла, сардорони НКВД, котибони ҳизбӣ ва додситонҳо (прокурорҳо). Масалан, дар Тоҷикистон дар авҷи репрессияҳо, яъне солҳои 1937-1938, аъзои “тройка” инҳо буданд:

  • С.А.Тарасюк – раиси НКВД аз 30-юми июли соли 1937 то 28-уми сентябри соли 1937;
  • Ӯ.Ашӯров – котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 30-юми июл то якуми октябри соли 1937;
  • А.И.Фролов – котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 30-юми июл то якуми октябри соли 1937;
  • Байков – ёвари прокурори ҳарбии округи Осиёи Миёна аз 30-юми июли соли 1937;
  • Д.З.Протопопов – котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 13-уми октябри соли 1937 то 4-уми октябри соли 1938;
  • Н.А.Загвоздин – раиси НКВД аз 2-юми октябри соли 1937;
  • Илин – прокурори ҷумҳурӣ аз 10-уми ноябри соли 1938;
  • Неъмат Ашӯров – котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 1938 (дар ҳайати “тройка” ҳангоми ҳузур надоштани Протопопов ширкат мекард);
  • Роднов аз 4-уми ноябри соли 1938.

Коллегияҳои ҳарбии Додгоҳи олии ИҶШС низ маъмулан аз 3 нафар иборат буданд. Барои баровардани ҳукми муттаҳамон дар ҷумҳурӣ одатан Додгоҳи сайёри Коллегияи ҳарбӣ сафарбар мешуд.

Гумонбаронро ба ду бахш ҷудо мекарданд:

  • Касоне, ки бояд ҳукми марг мегирифтанд;
  • Онҳое, ки зиндонӣ мешуданд ё бадарға.

Рӯйхатҳоро кормандони НКВД тартиб медоданд. Зери рӯйхатҳое, ки номи роҳбарони олимақоми ИҶШС ва ё ҷумҳуриҳо зикр мешуданд, маъмулан худи Сталин ё аъзои дигари Президиуми КМ ВКП (б) имзо мегузоштанд. Ин маънои онро дошт, ки ин афрод ба марг маҳкум мешаванд.

УСУЛҲОИ РЕПРЕССИЯ

Масъалае, ки мехоҳем инҷо таваҷҷӯҳи хонандагонро ҷалб кунем, истифодаи шиканҷа ва латукӯб дар солҳои репрессия аст. Дар ин маврид ду фарзия вуҷуд дорад:

  • “Ин супориши Сталину партия ва ҳукумат буд”
  • “Худи кормандони НКВД ташаббус нишон доданд”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Абдураҳим Ҳоҷибоев. "Қаҳрамон" ё "соддалавҳ"-у "хатокор"?

Ҷонибдорони фарзияи якум ба шифрограммаи Сталин аз 10-уми январи соли 1939 ба котибони вилоятҳо, минтақаҳо ва роҳбарияти НКВД ва УНКВД “Дар бораи истифодаи чораҳо оид ба фишори ҷисмонӣ нисбат ба душманони халқ” такя мекунанд.

Дар ҳуҷҷате, ки кормандони шуъбаи 5-уми Раёсати бехатарии давлатии НКВД-и ҶШС Тоҷикистон лейтенант Жадин А.П. ва лейтенант Антонович дар соли 1937 навиштаанд, роҳҳои ифшо кардани душманони халқ нишон дода шудааст.

Чунон ки дар санад зикр мешавад, вазифаи кормандони НКВД ошкор кардани фаъолияти аксулинқилобии айбдоршаванда, шинондани ӯ ба зону ва узр пурсиданаш аз ҳокимияти Шӯравӣ аст, аз ин рӯ, бояд гумонбар дар ҳолати маҳбус қарор дода шавад ва ҳама гапҳои ӯ дар мавриди он ки бегуноҳ аст, бурида шаванд.

Баръакс, бояд талаб карда шавад, ки муттаҳам танҳо дар бораи фаъолияти аксулинқилобии худаш гап занад. Дар ин иртибот, дар санад омадааст, ки барои ноил шудан ба ин мақсад бояд аз фишори ҷисмонӣ ва маънавӣ истифода бурда шавад, аз ҷумла:

  • Бояд гуфта шавад, ки тафтишот маълумотеро дар ихтиёр дорад, ки тибқи он гумонбар чанд сол боз ба фаъолияти аксулинқилобии тротскистӣ машғул будааст;
  • Бояд доим ин фикр талқин шавад, ки ӯ аксулинқилобӣ, душмани халқ, одами разил, фосид ва ҳақир буда, шарму ҳаёро гум кардааст. То замоне ки нишондод надиҳад, барои рафтан ба камера иҷозат надиҳанд, сигор кашидану хоб рафтан намонанд, аҳёнан об диҳанд ва ба ҳоҷатхона танҳо дар сурати зарурати сахт бибаранд;
  • Вақте гумонбар дар мавриди пушаймон шуданаш ба номи раиси НКВД ариза навишт, ба ӯ субҳона дода, баъди он бозпурсиро шуруъ кунанд, аммо нишондодҳоро бояд худи муттаҳам нависад;
  • Агар гумонбар нишондодҳои лозимӣ диҳад, ба ӯ хӯроки нисфирӯзӣ дода шавад. Вақте протоколро имзо кард, ба камера фиристанд ва танҳо барои дақиқ кардани суолҳои алоҳида барои бозпурсӣ даъват кунанд;
  • Баъди он ки айбдоршаванда дар нишондодҳояш фаъолияти аксулинқилобиашро эътироф кард, бояд талаб карда шавад, ки ҳамаи аъзои пештара ва кунунии ташкилоти аксулинқилобиро номбар кунад;
  • Дар ниҳояти кор, дар асоси нишондодҳои айбдоршаванда протокол тартиб дода шавад ва фаъолияти аксулинқилобии ӯ возеҳу бурро баён гардад (китоби “Репрессии 1937 -1938 годов”. Тошканд, соли 2005. Саҳ. 73 -75)
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ғанӣ Абдулло. Аз “душмани халқ” то пешниҳод ба Ҷоизаи Рӯдакӣ

Ин санад аз парвандаи ҷиноии №91779 ҶШС Узбекистон аз болои собиқ афсари НКВД А. Жадин гирифта шудааст. Жадин ҳамчун душмани халқ маҳкум ба марг гардида, паронда шуд. Дар бораи сарнавишти таҳиякунандаи дуюми санад – Антонович маълумот надорем.

Фақат ҳаминро илова мекунем, ки баъд аз раиси НКВД таъин шудани Берия Л.П. теъдоди зиёди ходимони сиёсӣ, намояндагони илму фарҳанг ва адабиёт ба озодӣ баромада, дар бораи “фишорҳои ҷисмонӣ” нисбат ба худашон навиштанд.

Аз ҷониби дигар, собиқ кормандони НКВД, ки солҳои роҳбарии Берия Л.П. дар НКВД ва ба сари қудрат омадани Н.С.Хрушев репрессия шуданд, эътироф мекунанд, ки дар ҳақиқат нисбат ба боздоштшудагон фишори ҷисмонӣ, яъне шиканҷа кардану азият доданро ҳамеша истифода мебурданд.

АЗ “КУЛАК” ТО “БОСМАЧӢ

Дар ҷаласаҳое, ки “тройка”-ҳо ва Коллегияи ҳарбӣ ба хотири баррасии парвандаи гумонбарон барпо мекарданд, ҳукм аз қабл маълум буд. Дар ин маҷлисҳо ҳукм дар давоми чанд дақиқа аз ҷониби “тройка”-ҳо ва суди Коллегияҳои ҳарбӣ тасдиқ мешуданду бас. Дар ин ҷамъомадҳо на адвокатҳо ширкат мекарданд, на шоҳидон даъват мешуданд ва на баҳсҳову музокирот миёни ҷонибҳо сурат мегирифт.

Барои муттаҳам кардани касоне, ки мавриди таъқиб қарор мегирифтанд, истилоҳҳое ба мисли “тротскист”, “бухаринчӣ”, “узви гурӯҳи террористӣ – диверсионӣ”, “эсер”, “кулак”, “миллатчии буржуазӣ”, “ҷинояткор”, “гвардиячии сафед”, “босмачӣ”, “мулло”, “душмани халқ”, “ҷосуси разведкаи хориҷӣ” ва ғ. истифода мешуд.

Ҷолиб ин буд, ки баъзан як нафарро ҳамзамон ҷосуси разведкаи якчанд кишвари хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷопон, Олмон, Полша, Англия, Фаронса ва ғ. эълон мекарданд. Дар ин даҳсола теъдоди зиёди аъзои баландпояи ҳизб, ки ҳамроҳи Ленин дар ташкили нахустин давлати Шӯравӣ саҳм гузошта буданд, ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва кӯшиши барқарор кардани капитализм муттаҳам шуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Шириншо ва Нусратулло фарзандони ин кишваранд". ВИДЕО

Инҳоро дар баробари кудето ё табаддулот ба кӯшиши аз байн бурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, террори Сталин, аъзои Президиуми КМ ВКП (б), комиссарони халқии наркоматҳо ва дигарон ва зарар расондан ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гунаҳкор мекарданд.

Аммо ба зудӣ мошини терроре, ки бо суръати баланд кор карда, миллионҳо нафарро аз байн мебурд, сари репрессиягаронро низ хӯрд. Дар натиҷа, ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо разведкаҳои хориҷӣ ва фаъолияти зиддишӯравӣ раисони НКВД Г. Ягода, Н. Ежов ва Л.П. Берия ба марг маҳкум шуданд.

Дар солҳои мубориза барои барқарор кардани қонунияти сотсиалистӣ (1939-1941) дар ниҳодҳои интизомӣ, алалхусус НКВД, чанд ҳазор коргарони он, ки шаҳрвандони зиёдро ба марг ва ё зиндону бадарға маҳкум карда буданд, эъдом шуданд ва ё ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Дар натиҷаи кори мошини террор дар солҳои 1930 дар Тоҷикистон беш аз 1700 корманди ҳизбӣ, хоҷагӣ ва сокинони одӣ ба марг маҳкум ва зиёда аз 13 ҳазори дигар зиндонӣ ё бадарға шуданд. Дар миёни онҳо 4 котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон низ буданд. Аз ҷумла, Шадунс, Ҳусейнов ва Ашӯров парронда шуданд, Бройдо барои 10 сол зиндонӣ гашт.

Раиси Совети комиссарони халқи ҶМШС Тоҷикистон Абдулқодир Муҳиддинов, раисони Совети Комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Абдулло Раҳимбоев, раисони Кумитаи марказии иҷроия - Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум, 12 комиссари халқӣ (вазир), қариб ҳама мудирони шӯъбаҳо, 1 роҳбари ташкилоти ҷумҳуриявӣ низ ба марг маҳкум мешаванд.

МАХСУМ ВА ҲОҶИБОЕВРО БА МАСКАВ ХОНДАНД

Марҳилаи дуюми репрессия дар Тоҷикистон ибтидои солҳои 1930 сар шуд ва ҳамин тариқ, дар болои сари як қатор роҳбарони ҷумҳурӣ аз ҳисоби намояндагони халқи тоҷик абрҳои ғафси сиёҳ пайдо шуданд.

Барои тақвияти ин фикр руҷуъ мекунем ба барқияи котиби КМ ВКП (б) ИҶШС Л.М.Каганович, ки 28-уми сентябри соли 1933 тавассути шифротелеграмма ба Сталин навиштааст. Номбурда дар ин барқия менависад, Бауман – котиби бюрои ПК (б) Осиёи Миёна ва Ҳусейнов – котиби якуми ПК Тоҷикистон ба мақсади аз вазифа барканор кардани раиси СКХ Ҳоҷибоев ва раиси КМИ Нусратулло Махсум ӯро барқияборон карда истодаанд.

Дар барқияи Каганович, аз ҷумла чунин зикр шудааст: “Мо барқия равон кардем, то онҳоро аз вазифа нагиранд ва тамоми маводро ба мо фиристанд. Ҳабскуниҳо дар онҷо (манзур Тоҷикистон аст. - Н.Д.) афзуда истодаанд. Чӣ бояд кард? Оё зарур нест, ки комиссияи начандон калон иборат аз 3 нафарро ташкил кунем, то ки онҳо бо ҳама мавод шинос шаванд? Дастури Шуморо меҳоҳам.” (кит. “Сталин и Каганович. Переписка 1931-1936 гг. Москва, с.2001, саҳ.365 ).

30-юми сентябр Сталин ба Каганович посух медиҳад, ки “беҳтар мешуд, агар комиссия бо иштироки Шумо таъсис меёфт. Беҳтар аст, боздоштҳо бас шаванд. Махсум ва Ҳоҷибоевро ба Маскав даъват кунед. Баъдан онҳоро иваз кардан лозим мешавад” (кит. "Сталин и Каганович. Переписка 1931 -1936 гг. Москва, с.2001, саҳ. 367).

ҶАЛАСАҲОИ ПИНҲОНӢ

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Агар падарамро бинам..." Зиндагии се паноҳандаи сиёсии тоҷик дар Аврупо. ВИДЕО

Дар мавриди амалҳои Бауман ва Ҳусейнов алайҳи Ҳоҷибоев ва Нусратулло Махсум тафсилоти бештарро дар хотираҳои собиқ комиссари Наркомземи ҷумҳурӣ Мирзохӯҷа Урунхоҷаев меёбем. Ӯ бо истинод ба Бройдо қисса мекунад, ки ҳар рӯз баъд аз соати 2-и шаб ҷаласаи бюрои ПК Тоҷикистон баргузор мешуд ва ба ин нишастҳои пинҳонӣ Ҳоҷибоев ва Н.Махсумро даъват намекарданд. Ба қавли Урунхоҷаев, нақши асосиро дар ин ҷаласаҳо сардори ГПУ-и ҶШС Тоҷикистон, капитани бехатарии давлатӣ – Солонитсин мебозид.

Ӯ ба аъзои бюро мегуфтааст, ки ин ё он узви КМ ПК (б) Тоҷикистон барои иртибот доштан бо кишварҳои хориҷӣ ҳабс шуда, лек дар ин маврид ҳеч гуна тафсилот намедодааст. Дар навбати худ, бюрои КМ ПК (б) Тоҷикистон қарор мебаровард, ки ба рафиқ Солонитсин бовар карда шавад ва дар натиҷа, ҳабсшударо аз ҳизб хориҷ карда, розигӣ медоданд, ки парванда ба ГПУ супорида шавад. Бо дар назардошти вазъияти ба амаломада ва супориши Сталин, котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон Ҳусейнов, котиби дуюм Исмоилов, раиси СКХ Ҳоҷибоев, раиси КМИ Н.Махсум ва сардори ГПУ Солонитсин ба Маскав сафар мекунанд.

Дар ҷаласаи КМ ВКП (б) маърӯзаи котиби бюрои КМ ВКП (б) дар Осиёи миёна Бауман, котиби якуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон Ҳусейнов, намояндаи ваколатдори ГПУ дар Осиёи Миёна – Пиляр, баёноти Махсум ва Ҳоҷибоев шунида шуд.

Рӯзи 1-уми декабр КМ ВКП (б) Н.Махсум ва Ҳоҷибоевро аз вазифаҳояшон барканор карданд. Ҳамчунин, қарор шуд, ки Ҳусейнов аз вазифаи котиби якуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон сабукдӯш шавад. Дар қарори КМ ВПК (б) аз 1-уми декабри соли 1933 дар ин иртибот гуфта мешавад:

  • Махсум ва Ҳоҷибоев барои беҳтар кардани шароити деҳқонони камбағал ғамхорӣ накарданд, ба онҳо барои беҳтар шудани вазъи хоҷагиҳояшон ёрӣ нарасонданд, бо кулакҳо ва собиқ амалдорони амири Бухоро алоқа барқарор карда, онҳоро аз деҳқонон ва намояндагони инқилоб ҳифз мекарданд;
  • Махсум ва Ҳоҷибоев барои пешгирии андозҷамъкунии ғайриқонунӣ, кашида гирифтани чорво, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва ҳатто латукӯби деҳқонони камбағалу миёнаҳол аз ҷониби кулакҳо ва душманони халқ чораҳои зарурӣ наандешиданд;
  • Махсум ва Ҳоҷибоев сиёсати ленинии миллатҳоро поймол карда, миллатчигии буржуазиро пеш бурда, принсипҳои ленинии интернатсионалистиро нақз карда, ягонагӣ ва бародарии коргарони тоҷику узбек ва тоҷику русро вайрон намудаанд.

Аз ин рӯ, КМ ВКП (б) қарор мекунад:

  • Махсум ва Ҳоҷибоев аз вазифаҳояшон сабукдӯш ва ба ихтиёри КМ ВКП (б) Москва) фиристода шаванд;
  • Азбаски котиби якуми ҶШС Тоҷикистон Ҳусейнов аз болои фаълияти Махсум ва Ҳоҷибоев дуруст назорат набурда, инчунин, ба як қатор хатоиҳо роҳ додааст, аз вазифа сабукдӯш карда шавад;
  • КМ ВКП (б) дар ин ҷаласа қарори махсус қабул мекунад, ки дар он зикр мегардид, ки кормандони ГПУ-и Осиёи Миёна ва Тоҷикистон дар мубориза алайҳи унсурҳои зиддишӯравӣ ба суистифода аз мансаб роҳ дода, боздоштҳои оммавиро ба роҳ мондааст;
  • Аз ин рӯ, ба Г. Ягода, раиси ГПУ-и ИҶШС супориш дода мешавад, ки Солонитсинро аз Тоҷикистон бозхонда, ГПУ-и ҷумҳуриро бо кадрҳои боқувват таҳким бахшад;
  • КМ ВКП (б) ба комиссия дар ҳайати рафиқон Бауман (раис), Бройдо ва Раҳимбоев супориш медиҳад, ки фавран ба Тоҷикистон сафар карда, парвандаҳои ҳабсшудаҳоро омӯзанд ва онҳоеро, ки нодуруст боздошт шудаанд, зуд ҷавоб диҳанд.

Поёни бахши аввал. Қисми дувум рӯзи панҷшанбе нашр хоҳад шуд. Бозгаштро ба саҳифа фаромӯш накунед.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.