Додгоҳи олӣ ҳукми хушдомани Манораро кам кард

Манораи Абдуфаттоҳ

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми зиндони Бибикалон Назирова, сокини ноҳияи Файзободро ду сол кам кардааст.

Қаблан, 24-уми октябри имсол, Додгоҳи ноҳияи Файзобод ӯро ба гуноҳи ба худкушӣ расондани арӯси хонавода, Манораи Абдуфаттоҳ, ҳафт сол аз озодӣ маҳрум намуда буд. Ҳоло бар асоси ҳукми нав, панҷ сол дар зиндон хоҳад монд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олӣ шикояти пайвандони хушдомани духтарашро аз нав баррасӣ кард ва ҳукми пешинаашро тағйир дод.

“Додраси Додгоҳи олӣ дар мурофиа гуфт, ки ба хотири зан будан муҳлати ҳабсашро кам мекунад. Ин чӣ адолат аст, ки як зан, духтари ман, аз дасти ин нафар ҷонашро аз даст дод, хотири ӯро намебинанд, вале хотири зан будани гунаҳкорро диданд. Ман аз ин ҳукми Додгоҳи олӣ розӣ нестам ва аз рӯйи он шикоят мекунам,” – афзуд ӯ.

Наздикони Бибикалон Назирова ҳукми Додгоҳро шарҳ надоданд.

Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ, сокини 25-солаи Файзобод, соли гузашта бо 26 зарби корд аз хонаи иҷорааш пайдо шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст ва танҳо баъд аз пофишории зиёди пайвандон хушдоманашро дастгир карданд.

Манораи Абдуфаттоҳ соли 2015 бо як сокини ноҳияи Файзобод издивоҷ карда, аз ӯ се фарзанд мондааст, ки калониаш шашсола ва хурдиаш дуюнимсола аст.