Модари Мадина Бандаренко, ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд), ки ба итттиҳоми узвият дар ДОИШ дар Душанбе муҳокима мешавад, аз мақомоти Русия хостааст, барои баргардондани духтараш аз Тоҷикистон кумак кунанд.
Парвиз Саидраҳмонов моҳе пеш ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш аз Туркия ба Душанбе истирдод шуд. Ӯ ба терроризму иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ муттаҳам аст.
Оксана Ҷейлиева, модари Мадина Бандаренко, рӯзи 29-уми ноябр гуфт, барои бозгардондани духтараш аз Душанбе ба Вазорати корҳои хориҷии Русия муроҷиат кард.
Ӯ афзуд, аз мақомоти Тоҷикистон “миннатдор аст”, ки духтарашро аз як ҷойи ноамн то Душанбе овардаанд, вале ӯро бояд ба Русия фиристанд.
Ба гуфтаи ин зан, ҳоло духтарашро аз кӯдакон ҷудо кардаанд ва ӯ имкон надорад, тифли ширхорашро парасторӣ кунад.
Мақомоти Тоҷикистон "Абу Довуд"-ро аз таблиғгарони хатарноки ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо "даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст".