Тоҷикистон бо як ширкати чинӣ барои бунёди бештар аз 50 километр роҳ дар кишвар ва бо арзиши тақрибан 57 миллион доллар қарордод имзо кардааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, қарордод бо ширкати “Чайна Рейлвей Вуҷу” рӯзи 25-уми ноябр имзо шуд. Роҳро дар вилояти Суғд месозанд.
Ба гуфтаи масъулони вазорат, ширкати чинӣ чаҳор қитъаи роҳи фарсудаву ноҳамвор дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хистеварз ва Конибодомро таъмиру бозсозӣ мекунад.
“Дар доираи тарҳ дар вилоят 11 пули нав бо дарозии 444 метр сохта мешавад,” – гуфтаанд дар эъломия.
Ба ихтиёри Чин супурдани тарҳҳои бузурги сохтмонӣ солҳои охир мояи нигаронӣ аз пойбандии сахти Тоҷикистон ба ин ҳамсоякишвари азимашро зиёд кардааст.